settings icon
share icon
Савол

Кабул намудани Исо хамчун Начоткори шахси чи маъно дорад?

Чавоб


Оё Шумо ягон бор Исоро хамчун Начоткори шахсии худ кабул кардед? Пеш аз он, ки чавоб дихед, ба ман ичозат дихед, саволро фахмонам. Барои пурра фахмидани саволи мазкур Шумо бояд аввал мафхумхои «Исо», «шахси» ва «Начоткор»-ро ба хуби фахмед.

Исо кист? Бисер одамон Исоро хамчун шахси хуб, устоди бузург ва хатто пайгамбари Худо эътироф мекунанд. Тавсифхои мазкур дар бораи Исо бештар дуруст мебошанд, аммо онхо дар хакикат ки будани Исоро муайян намекунанд. Мувофики Инчил Исо ин Худо дар чисм мебошад, Худо ба шакли одам медарояд. (ниг. ба Паёми Иоан 1:1,14). Худо ба замин барои омузонидан, такомул додан, ислох кардан, бахшидани мо – ва барои мо вафот кардан омад! Исо Худо, Офаридгор, Сохиби сохибихтиер мебошад. Шумо хамин гуна Исоро кабул кардед?

Начоткор чист ва барои чи ба мо Начоткор зарур аст? Мувофики Инчил хамаи мо гунох содир кардаем, хамаи мо корхои ношоям кардаем (Паём ба римиён 3:10-18). Дар натичаи гунохи худ мо ба газаб ва танкиди Худо дучор шудем. Чазои ягонаи одилона барои гуноххое, ки мо дар назди Худои беохират ва абади содир кардем, ин чазои абади мебошад (Паём ба римиён 6:23; Паёми Иоан 20:11-15). Барои хамин хам ба мо Начоткор зарур аст!

Исо ба замин фаромад ва дар макони мо вафот кард. Марги Исо хамчун Худо дар чисм ин чавоби абади барои гуноххои мо буд (Паёми 2 ба коринфинихо 5:21). Исо барои чавоб гуфтан ба чазои гуноххои мо вафот кард (Паём ба римиён 5:8). Исо нархи гуноххои моро супорид, то ин ки мо насупорем. Эхёшавии Исо аз чисми мурда исбот сохт, ки марги У барои чавоб гуфтан ба гуноххои мо кифоя буд. Барои хамин Исо Начоткори яккаву ягона мебошад. (Паёми Иоан 14:6; Фаъолияти Апостолхо 4:12)! ОёШумо ба Исо хамчун ба Начоткори худ бовари доред?

Оё Исо Начоткори «шахси»-и Шумост? Ба акидаи бисер одамон Насрони будан ин ба калисо рафтан, ичро кардани урфу одатхо ва кори гунох накардан мебошад. Насрони будан ин маъноро надорад. Насронияти хакики ин муносибати шахси бо Исо мебошад. Кабул кардани Исо хамчун Начоткори шахси ин изхор намудани боварии шахси ба У мебошад. Ягон кас бо боварии каси дигар начот наефтааст. Хеч кас барои ичро кардани корхои муайян бахшида нашудааст. Рохи ягонаи начот ин шахсан кабул намудани Исо хамчун Начоткори шахси, бовар кардан ба марги у хамчун чавоб ба гуноххои мо, ва эхешавии у хамчун кафолати хаети абадии Шумо мебошад. (Паёми Иоан 3:16). Оё Исо шахсан Начоткори Шумо аст?

Агар Шумо Исоро хамчун Начоткори шахсии худ кабул кардан хохед, бо суханхои зерин ба Худо мурочиат кунед. Дар хотир доред, ки кироати дуои мазкур ва ё ягон дуои дигар Шуморо начот намедихад. Танхо бовари ба Исо метавонад Шуморо аз гунох начот дихад. Дуои мазкур танхо рохи изхор намудани боварии Шумо ба Худо ва ба У миннатдори баён намудан барои начоти Шумо мебошад. "Э Худо, ман медонам, ки дар назди ту гунох содир кардам ва барои ин сазовори чазо хастам. Аммо Исо чазои ман сазовор бударо ба худ гирифт, то ин ки тавассути бовари ба У гуноххои ман бахшида шавад. Ман бахшиши Туро кабул мекунам ва боварии худро ба Ту бахри начот изхор мекунам. Ман Исоро хамчун Начоткори шахсии худ кабул мекунам! Барои мархамат ва бахшандагиат – хадяи хаёти абади миннатпазирам! Омин!"

Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.

English



ба сахифаи точики баргардед

Кабул намудани Исо хамчун Начоткори шахси чи маъно дорад?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries