settings icon
share icon
Савол

Оё Китоби Муқаддас ҳақиқатан каломи Худост?

Чавоб


Хушбахтона баробари ба ин савол ҷавоб додан мо боз хеле чизҳои зиёдро дар бораи Худо мефаҳмем. Барои касоне, ки ин мавзӯъро таҳлил кардан мехоҳанд, нағз мешавад, ки мақоларо то охир хонда бароянд. Баъд барои шарҳи иловагӣ ҷойҳои навиштаҷоти овардашударо ҳам дида бароянд. Маълумоти Китоби Муқаддас хеле зарур аст, зеро агар Китоби Муқаддасро ба эътибор нагирем, ин суханҳо ҳамчун як андешаи инсонӣ мешаванд, ки ба хатогиҳои бисёр оид ба шинохтани Худо бурда мерасонанд (Айюб 42:7). Агар мо “Худо ба чӣ монанд бошад” гуфта, бо саъю кӯшиши зиёд Худоро шинохтанӣ шавем, дар натиҷа ба ҳеҷ ҷо намерасем, чунки Худоро бо чизе монанд ва ё баробар карда намешавад. Баръакс, кӯшишҳои худамон моро водор мекунанд, ки ба хӯдоёни бардурӯғ саҷда кунему бо ин рафторамон бар зидди хости Худо амал мекунем (Хуруҷ 20:3-5).

Мо дар бораи Худо фақат ҳамон чизҳоро фаҳмида метавонем, ки Худаш ба мо ошкор мекунад. Яке аз Китоби Муқаддас сухани (каломи) Худост ин нур ё равшанӣ аст. Ӯ равшанӣ аст, яъне маънояш ҳамин ки Ӯ Худ дар бораи Худаш маълумот медиҳад (Ишаъё 60:19, Яъқуб 1:17). Он донише, ки Худо ба мо дар бораи Худ ошкор мекунад, набояд беэътиноӣ кунем, ки мабодо касе аз мо ба оромии Ӯ дохил нашуда намонад (Ибриён 4:1). Барои ба даст овардани дониш оид ба кӣ будани Худо, ба мо тамоми офариниш, Китоби Муқаддас ва Каломи (Исои Масеҳ) ҷисм шуда ёрӣ медиҳанд.

Биёед аз он сар мекунем, ки Худо Офарандаи мо аст ва мо як қисми офариниши Ӯ ҳастем (Ҳастӣ 1:1; Забур 23:1). Худо гуфт, ки Одам ба сурати Ӯ офарида шудааст. Одам аз ҳама офариниши дигар болотар меистад ва ҳукмронии тамоми офариниш ба ӯ дода шудааст (Ҳастӣ 1:26-28). Гарчанде тамоми офариниш аз сабаби гуноҳ расво шуда бошад ҳам, ба ҳар ҳол кори Худоро нишон медиҳад (Ҳастӣ 3:17-18; Румиён 1:19-20). Мо ба зебоӣ, мураккабӣ, бепоёнӣ ва беохирии тартиботи офариниш нигоҳ карда, бузургии Худоро дида метавонем.

Барои фаҳмидани Китоби Муқаддас сухани (каломи) Худост ба мо дида баромадани якчанд номҳои Худо, ки дар поён оварда шудаанд, ёрӣ медиҳад:

Эллоҳим – Қавӣ, илоҳӣ (Ҳастӣ 1:1)
Адонай – Хӯҷаин, тасвири муносибати соҳиб ва ғулом (Хуруҷ 4:10, 13)
Эл Элион – Аз ҳама боло, Қавитарин (Ҳастӣ 14:20)
Эл Рой – Қавӣ, ки мебинад (Ҳастӣ 16:13)
Эл Шаддай – Худои тавоно (Ҳастӣ 17:1)
Эл Олам – Худои ҷовидонӣ (Ишаъё 40:28)
Яҳве - Худованд: «Ман ҳастам», ки маънояш Худои абадӣ (Хуруҷ 3:13, 14).

Акнун мо Китоби Муқаддас сухани (каломи) Худостро боз аз наздик дида мебароем. Маънои “Худо абадӣ аст” ин аст, ки Ӯ на аввал дораду на охир. Ӯ доимӣ ва беохир аст (Такрори Шариат 33:27; Забур 89:2; 1 Тимотиюс 1:17). Худо бетағйир аст ва ҳеҷ вақт дигар намешавад. Ин нишон медиҳад, ки ба Худо пурра таваккал кардан мумкин (Малокӣ 3: 6; Ададҳо 23:19; Забур 101:26, 27). Худо бемисл аст, яъне ҳеҷ кас монанди Ӯ нест, на дар амалу на дар вуҷудият; Ӯ олитарину комилтарин аст (2 Подшоҳон 7:22; Забур 85:8; Ишаъё 40:25; Матто 5:48). Худо даркнашаванда аст, яъне мо Ӯро бо ақламон пурра дарк карда наметавонем (Ишаъё 40:28; Забур 144:3; Румиён 11:33, 34).

Худо одил аст, яъне ҳамаро бо як чашм мебинад (Такрори Шариат 32:4; Забур 18:30). Худованд пурқудрат аст, яъне аз дасташ ҳама чиз меояд; Ӯ хостаашро иҷро мекунад, лекин ҳамеша мувофиқи хислаташ амал мекунад (Ваҳй 19:6; Ирмиё 32:17, 27). Худо ломакон аст, яъне ҳузури Ӯ дар ҳама ҷо ҳама вақт ҳаст, лекин ин маънои онро надорад, ки Худо ҳама чиз аст (Забур 138:7-13; Ирмиё 23:23). Худо ҳамадон аст, яъне Ӯ аз гузашта, ҳозира ва оянда хабар дорад ва ҳатто фикрҳои моро медонад. Азбаски Ӯ ҳама чизро медонад, амалҳояш ҳамеша одилона ҳастанд (Забур 138:1-5; Масалҳо 5:21).

Худо ягона аст, яъне ба ғайр аз Ӯ дигар худое нест. Инчунин фақат Ӯ қодир аст, ки тамоми мӯҳтоҷиҳои моро қонеъ гардонад. Бинобар ин танҳо Ӯ сазовори саҷдаю парастиши мо аст (Такрори Шариат 6:4). Худо росткор аст, яъне ягон амали нодурустро Худо бе ҷазо монда наметонад ва намемонад. Ана барои ҳамин адолат ва росткории Худо даркор буд, ки Исо гуноҳҳои моро ба Худ гирад. Дар натиҷа Исо ҷазои гуноҳҳои моро аз сар гузаронд, то ки мо бахшида шавем (Хуруҷ 9:27; Матто 27:45-46; Румиён 3:21-26).

Худо соҳибихтиёр аст, яъне мақоми Ӯ болотар аз ҳама; ягон махлуқи офаридааш донистаю надониста ҳаргиз ба Ӯ дар иҷрои мақсадаш халал расонида наметавонад (Забур 92:1; 95:3; Ирмиё 23:20). Худо рӯҳ аст, яъне Ӯ (Юҳанно 1:18; 4:24) нонамоён аст. Худо сеякка аст, яъне Ӯ се дар як вуҷуд, як қудрату як ҷалол аст. Аҳамият диҳед, ки дар Матто 28:19 'ном' дар шакли танҳо омадааст, вале ба се шахсият тааллуқ дорад: “Падар, Писар, Рӯҳи Муқаддас” (Марқӯс 1:9-11). Худо ростӣ аст, яъне ҳамаи фикру ният ва сухану рафтораш бо ҳам мувоффиқ ҳастанд. Некӣ ва росткории Ӯ бетағйир аст ва дар Ӯ дурӯғ вуҷуд надорад (Забур 116:2; 1 Подшоҳон 15:29).

Худо поку қуддус аст, яъне Ӯ аз ҳар нопокӣ, расвоӣ дур аст ва зидди он аст. Худо ҳамаи намуди бадиро чашми дидан надорад ва боиси ғазабаш мешавад. Покию қуддусии Худо дар оятҳои навиштаҷот одатан ҳамчун оташ нишон дода шудааст. Худо ба оташи фурӯбаранда монанд карда шудааст (Ишаъё 6:3; Ҳабаққуқ 1:13; Хуруҷ 3:2, 4, 5; Ибриён 12:29). Худо бомарҳамат аст, ин хусусияти Ӯ бо калимаҳои монанди нек, меҳрубон ва бораҳму шафқат тасвир мешавад. Ин калимаҳо низ бо пуррагӣ тамоми некии Худоро дар бар гирифта наметавонанд. Агар ҳамин хислати бомеҳру шафқати Худо намебуд, он гоҳ мо дар асоси хусусиятҳои дигараш ба Ӯ наздик шуда ҳам наметавонистем ва ҷудо мебудем. Хушбахтона ин тавр нест, чунки Ӯ мехоҳад, ки бо ҳар яки мо шахсан наздик бошад (Хуруҷ 34:6; Забур 31:19; 1 Петрус 1:3; Юҳанно 3:16; Юҳанно 17:3).

Ин як кӯшиши хурди ба саволи азамат ҷавоб додан буд. Лутфан, ташнаи ҷустани ҷавоби ин шавед ва шинохтани Худоро давом диҳед. (Ирмиё 29:13).

English



ба сахифаи точики баргардед

Оё Китоби Муқаддас ҳақиқатан каломи Худост?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries