Савол
Ое Худо вучуд дорад? Ое мавчудияти Худо исбот шудааст?
Чавоб
Ое Худо вучуд дорад? Шавковар аст, ки ба мубохисаи мазкур чунин диккати зиед дода шуда истодааст. Пурсишхои охирин нишон доданд, ки 90%-и мардуми чахон имруз ба мавчудияти Худо ва ё ягон Кувваи болои бовар доранд. Бо вучуди ин хамон шахсоне, ки бовари доранд, ки Худо дар хакикат вучуд дорад, тавре бояд исбот намоянд, ки Худо дар хакикат вучуд дорад. Агар рохи дигаре мебуд, он нисбатан аз чихати мантики дуруст мешуд.
Бо вучуди ин, мавчуд будани Худоро на исбот кардан мумкин, на инкор. Хатто дар Инчил гуфта шудааст, ки мо ба далели мавчуд будани Худо бояд бо бовари икрор шавем, “Ва бе бовари мархамат кардани Худо имконнопазир аст, зеро хар касе, ки ба У мурочиат мекунад, бояд бовар кунад, ки У вучуд дорад ва У шахсонеро, ки ба у самимона мурочиат мекунанд, аз мархаматаш бахраманд месозад” (Иврит 11:6). Агар Худоро чунин аз тахти дил хоханд, У метавонист пайдо шуда, ба тамоми чахон исбот намояд, ки У вучуд дорад. Аммо агар У чунин мекард, он гох ба бовари кардан зарурат хам намемонд. "Баъд Исо ба у гуфт, 'Аз сабаби он, ки ту маро диди, ту бовар карди; он шахсоне мархамат карда мешаванд, ки холо надидаанд, аммо бовар мекунанд,'” (Паёми Иоан 20:29).
Ба хар хол, ин маънои онро надорад, ки ягон исботи мавчудияти Худо вучуд надорад. Дар Инчил оварда шудааст, “Чаннат аз шарафи Худо дарак медихад; фалак аз кудрати дастони У дарак медихад. Руз аз руз онхо нутки наве изхор мекунанд; хар шабонгох онхо дониши хешро нишон медиханд. Ягон нутке ва ё забоне нест, ки дар он садои онхо шунида нашавад. Садои онхо ба тамоми олам пахн мешавад, суханхои онхо бошад то гушаи охирини дуне” (китоби Забур 19:1-4). Нигох ба ситорахо, дарк кардани бузургии олам, мушохидаи муъчизахои табиат ва дидани зебогии тулуи офтоб – тамоми ин чизхо аз Худои Офаридгор шаходат медихад. Агар хамаи ин кифоя набошад, дигар исботи мавчудияти Худо дар дили хар яки мо вучуд дорад. Дар китоби Екклесиаст 3:11 гуфта шудааст, “…У инчунин дар дили мардум дунёи абадиро чой кард…” Дар дили мо як хиссиёти чукуре хаст, ки эътироф мекунад, ки гайр аз ин хаёт як чиз ва берун аз ин олам каси дигаре хаст. Мо маълумоти мазкурро метавонем фикран инкор кунем, аммо Худо дар дили мост ва тавассути мо холо хам мавчуд аст. Гайр аз ин Инчил моро огох мекунад, ки баъзехо бе хамин хам мавчудияти Худоро инкор мекунанд, “Девона дар дилаш мегуяд, ‘Худо нест’” (китоби Забур 14:1). Чи тавре, ки зиеда аз 98%-и мардум дар тули таърих дар тамоми маданиятхо, тамаддун ва тамоми китъахо ба мавчудияти Худо бовари мекунанд, бояд чизе (ё касе) бошад, ки ин бовариро дар мо пайдо мекунад.
Илова ба далелхои инчили оид ба мавчудияти Худо инчунин далелхои мантики хам мавчуд хастанд. Якум, далели онтологи мебошад. Намуди аз хама маъмули далели онтологи мафхуми Худоро барои исбот кардани мавчудияти Худо истифода мебарад. Он бо тавсифи Худо хамчун «аз ин бузургтар падидае нест» огоз меёбад. Сипас бахс меравад, ки мавчуд будан аз мавчуд набудан бузургтар аст ва аз ин сабаб мавчудоти бузургтарини даркшаванда бояд мавчуд бошад. Агар Худо вучуд намедошт, он гох Худо хамчун падидаи бузургтарин шинохта намешуд, баръакс, он зидди худи таърифи Худо баромад мекард. Далели дуюм далели азали мебошад. Далели азали онро мефахмонад, ки чахон чунин зебо аст, бояд Офаридгори илохие мавчуд бошад. Мисол, агар хатто замин аз офтоб садхо фарсах дур ё наздик мебуд, он ба нигох доштани хаете, ки холо нигох медорад, кодир намебуд. Агар кисмхои атмосфераи мо хатто чанд фоизе дигар мебуданд, тамоми мавчудоти зиндаи руи замин мурда мерафт. Электронхои танхо як молекулаи протеин 1 бар 10243 (яъне 10 пас аз 243 0). Танхо як хучайра аз миллионхо молекулахои протеин иборат аст.
Далели сеюми мавчудияти Худо далели космологи ном дорад. Хар як натича бояд сабабе дошта бошад. Олами мазкур ва хар як чизи дар он мавчудбуда натичае мебошад. Бояд як чизе мавчуд бошад, ки барои ба вучуд омадани хамаи ин чизхо сабаб шудааст. Нихоят, бояд чизе бошад, ки «ба офаридани у хеч чиз сабаб нашудааст» ва у тамоми мавчудоти дигарро ба вучуд овардааст. Хамон чизи «бе ягон сабаб пайдошуда» ин Худо мебошад. Далели чорум хамчун далели маънави малум аст. Хар як маданият дар тули таърих ягон намуди конуни худро дошт. Куштор, дуруггуи, дузди ва бетартиби кариб дар тамоми чахон рад карда мешавад. Агар хамаи ин хиссиети дурусту нодуруст аз Худои карим набошад, пас аз кучо пайдо шуд?
Бо вучуди ин, дар Инчил гуфта мешавад, ки одамон ба маълумоти равшану возех ва инкорнашаванда оид ба мавчудияти Худо бовар накарда, баръакс ба сухани дуруг бовар мекунанд. Дар Паем ба римиен 1:25 гуфта шудааст, “Онхо хакикати Худоро ба дуруг иваз карданд, ва ба чои Офаридгор, ки хамеша ба У шаъну шараф хонда мешавад, ба чизхои офаридашуда ибодат намуданд. Омин.” Дар Инчил инчунин гуфта шудааст, ки шахсоне, ки ба Худо бовар намекунанд, бахшида намешаванд, “Чи тавре, ки бе чуну чаро маълум аст, ки олам ба шарофати сифатхои ноаени Худо – Неруи абади ва табиати илохии у офарида шудааст ва аз он чизе, ки сохта шудааст, хамон тавр фахмида мешавад, он шахсон бахшида намешаванд” (Паем ба римиён 1:20).
Одамон бовари надоштани худро ба Худо аз он чихат асоснок мекунанд, ки «он аз нуктаи назари илми тасдик нашудааст» ё «ягон исботе нест». Сабаби асоси дар он аст, ки хангоме, ки мардум мавчуд будани Худоро эътироф мекунанд, онхо бояд инчунин дарк намоянд, ки дар назди Худо чавобгар хастанд ва ба мархамати У ниёз доранд (Паём ба римиён 3:23; 6:23). Агар Худо вучуд дошта бошад, он гох мо дар назди У барои хар як амали худ чавобгарем.Агар Худо вучуд надошта бошад, сипас мо бе ягон хавотирии он, ки Худо моро чазо медихад, чи коре, ки хохем, метавонем амали кунем. Барои хамин хам дар чамъият бисёр одамон тахаввулотро чунин катъи нигох медоранд, то он, ки ба мардум рохи дигари бовари пайдо намудан ба Худои Офаридгорро нишон диханд. Худо вучуд дорад ва нихоят хама медонад, ки У вучуд дорад. Худи хамон далеле, ки баъзе шахсон бо як гараз кушиш мекунанд, ки набудани Уро исбот кунанд, ин худ далели мавчудияти У мебошад.
Ичозат дихед як далели охиринеро оид ба вучуд доштани Худо пешниход кунем. Мо чи тавр медонем, ки Худо вучуд дорад? Хамчун насронихо мо медонем, ки Худо вучуд дорад, зеро мо бо У хар руз гуфтугу мекунем. Мо албатта бараъло гуфтугуи Уро бо мо намешунавем, аммо мо мавчудияти Уро дарк мекунем, мо рохбаладии Уро хис мекунем, аз мухаббати У хабардор хастем, неъмати Уро хохонем. Дар хаети мо вокеахое руй медиханд, ки ба гайр аз худи Худо дигар хеч кас фахмонида наметавонад. Худо моро чунон муъчизакорона начот дод ва хаети моро чунон тагъир дод, ки мо наметавонем ба у гайр аз эътироф кардани мавчудияти У дигар кумак кунем. Ягонтои ин далелхо дар хакикат хеч касеро, ки намехохад чизи чунин равшану возехро эътироф кунад, икрор карда наметавонад. Дар охир гуфтанием, ки мавчудияти Худо бояд аз самими калб эътироф карда шавад (Паём ба яхудиён 11:6). Бовари ба Худо ин чахиши кур-курона дар торики нест; он кадами устуворе ба хучраи мустахкам сохташудае мебошад, ки дар он аллакай 90%-и мардум чой доранд.
English
Ое Худо вучуд дорад? Ое мавчудияти Худо исбот шудааст?