Савол
Оё масеҳиён бояд ба шариати Аҳди Қадим итоат кунанд?
Чавоб
Барои беҳтар фаҳмидани ин мавзӯъ мо бояд донем, ки шариати Аҳди Қадим на ба масеҳиён, балки ба халқи Исроил дода шуда буд. Баъзе аз қонунҳо ба исроилиён ба Худо итоати худро нишон додану Ӯро чӣ хел хурсанд гардонданро ошкор мекард (масалан даҳ фармони асосӣ). Баъзе қонунҳои шариат мақсади ибодат карданани Худо ва тарзи бахшида шудани гуноҳҳоро ошкор мекарданд (масалан расму оини қурбонӣ). Як қисми шариат барои барои исроилиёнро аз халқҳои дигар фарқ кунондан, дода шуда буд (масалан фарқи ҳалолу ҳаром ва қоидаҳои либоспӯшӣ). Масеҳиёни имрӯза побанди шариати Аҳди Қадим нестанд. Вақте ки Исо дар рӯйи салиб ҷон дод, моро аз таъсири шариати Аҳди Қадим озод кард (Румиён 10:4; Ғалотиён 3:23-25; Эфсӯсиён 2:15).
Мо акнун таҳти таъсири шариати Аҳди Қадим нестем, балки қонуни Масеҳ барои мо эътибор дорад (Ғалотиён 6:2), яъне “Худованд Худои худро бояд бо тамоми дилу ҷонамон ва бо тамоми ақлу ҳушамон дӯст дорем...Ҳар шахсеро, ки наздики мост, бояд мисли худ дӯст дорем” (Матто 22:37-39). Бо иҷрои ин ду фармон мо тамоми талаботи Масеҳро ба анҷом мерасонем: “Ин ду қонун асоси тамоми шариати Мӯсо ва гуфтаҳои пайғамбарон аст” (Матто 22:40). Акнун ин маънои онро надорад, ки шариати Аҳди Қадим ба мо ҳеҷ аҳамият надорад. Чунки бисёр қонунҳои шариат ба яке аз ин ду фармони Исо “Худоро дӯст дор” ва “наздики худро дӯст дор” мувофиқ меоянд. Шариат ба мо ҳамчун роҳнамои хуб ёрӣ медиҳад, ки чӣ тавр дӯст доштани Худо ва наздикамонро ёд гирем. Дар айни ҳол, гуфтани он, ки ҳоло масеҳиён бояд шариатро риоя кунанд, инчунин нодуруст аст. Шариат яклухт, яъне ҷудонашаванда аст (Яъқуб 2:10). Ё ҳамааш дахл дорад, ё ҳеҷ яке аз он дахл надорад. Агар Масеҳ қисми қурбонии шариатро иҷро карда бошад, пас Ӯ тамоми шариатро иҷро кардааст.
“Зеро Худоро дӯст доштан ин фармонҳои Ӯро иҷро кардан аст. Фармонҳои Ӯ бошанд, вазнин нестанд” (1 Юҳанно 5:3). Дар асл Даҳ фармони асосӣ ин ҷамъбасти тамоми шариати Мӯсо ҳастанд. Нӯҳтои аз ин фармонҳо дар Аҳди Нав низ такрор шудаанд (ба ғайр аз қонуни оид ба риояи рӯзи махсуси истироҳат, ки рӯзи шанбе буд). Маълум аст, ки агар Худоро дӯст дорем, ба худоёни дурӯғгин ё бутҳо саҷда намекунем. Агар шахси наздикамонро дӯст дорем, қасди куштани одамонро намекунем, ба касе дурӯғ намегӯем, хиёнат намекунем, молу мулки дигаронро таъма намекунем. Мақсаду мароми шариат нишон додани он аст, ки мо ҳеҷ вақт онро пурра риоя карда наметавонем ва мӯҳтоҷ ҳастем, ки Исои Масеҳ Наҷотдиҳандаи мо бошад (Румиён 7:7-9; Ғалотиён 3:24). Худо ният надошт, ки шариат ба тамоми инсонияти ҳар давру замон муқаррар гардад. Шариати мо ин дӯст доштани Худо ва шахси наздикамон буда аст. Агар мо ин ду фармонро содиқона иҷро кунем, пас тамоми талаботи Худоро риоя карда мебошем.
English
Оё масеҳиён бояд ба шариати Аҳди Қадим итоат кунанд?