Савол
Исо дар давоми се рӯзи байни марг ва зиндашавиаш дар куҷо буд?
Чавоб
1 Петрус 3:18-19 мегӯяд: “Чунки Масеҳ низ барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда шуд ва дар рӯҳ рафта, ба арвоҳе ки дар зиндон буданд, маъвиза кард”. Калимаи “рӯҳ” ба рӯҳи Масеҳ дахл дорад. Дар инҷо на ҷисми Масеҳ муқобили Рӯҳи Худо гузошта шудааст, балки ҷисм ва рӯҳи Исо ба якдигар муқобил гузошта шудаанд. Ҷисми Масеҳ мурд, вале рӯҳаш зинда монд.
1 Петрус 3:18-22 алоқаи заруриро байни ранҷи Масеҳ (дар ояти 18) ва ҷалолёфтани Ӯ (дар ояти 22) тасвир кардааст. Танҳо Петрус дар бораи рӯйдодҳои ин ду ҳодиса маълумоти мушаххас додааст. Дар ояти 19 гуфта шудааст, ки Исо ба арвоҳҳои дар зиндонбуда “мавъиза кард”. Калимаи юноние, ки дар инҷо ҳамчун мавъиза тарҷума шудааст, мавъизаи одатии хушхабар нест. Маънои ин калима «пайғом расондан» аст. Дар як тарҷумаи дигари Китоби Муқаддас (дар забони англисӣ. Шарҳи тарҷумон) ин калима “эълон кард” тарҷума шудааст. Исо дар рӯйи салиб азоб кашида мурд, ҷисми Ӯро куштанд. Аммо рӯҳи Ӯ зинда буд ва ба дасти Падар супорида шуда буд (Луқо 23:46). Аз рӯйи гуфтаҳои Петрус, баъд аз марг ва пеш аз зиндашавиаш Исо ба «рӯҳҳои дар зиндон буда» як хабари махсусро эълон кард.
Дар Аҳди Нав калимаи арвоҳ барои фариштагон ё девҳо истифода бурда мешуд ва на барои инсон. Дар 1 Петрус 3:20 муаллиф ба одамон “ҷонҳо” гуфта ишора кардааст. Ҳамон тавр ки алаккай қайд кардем, аз рӯйи Китоби Муқаддас Исо дар дӯзах буд. Аъмол 2:31 мегӯяд, ки Исо ба ҷои ба номи Ҳейдс рафт (тарҷумаи New American Standard Bible), вале Ҳейдс дӯзахро намефаҳмонад. Калимаи ҳейдс маънои васеи ҷои муваққатии мурдагонро дорад, ки дар он ҷо мурдагон дар интизори рӯзи Қиёмат ҳастанд. Дар Ваҳй 20:11-15 аз рӯйи тарҷумаи NASB ва NIV фарқияти аниқ байни ҳейдс ва кӯли оташин оварда шудааст. Кӯли оташин ҷои доимӣ аст ва он ҷои охирини ҷазо барои нобудшудагон аст. Ҳейдс бошад, ҷои муваққатӣ барои нобудшудагон ва ҳам азизони Худо аст, ки дар замони Аҳди Қадим буданд.
Худовандамон, рӯҳашро ба дасти Падар супорид, ҷисман мурд ва ба биҳишт дохил шуд (Луқо 23:43). Исо дар як вақти баъд аз марг ва пеш аз зиндашавиаш ба ҷое рафт, ки дар он ба арвоҳон хабаре эълон кард (шояд ин арвоҳон фариштагони аз Худо дур шуда бошанд, нигаред Яҳудо 1:6); ин мавҷудоти рӯҳонӣ яз ягон ҷиҳат ба давраи пеш аз тӯфони замони Нӯҳ тааллуқ доранд (1 Петрус 3:20). Петрус намегӯяд, ки Исо ба арвоҳон чӣ гуфт, вале он ҳатман хушхабар оид ба тавба набуд, чунки фариштагон наҷот ёфта наметавонанд (Ибриён 2:16). Шояд ин эълони ғалаба бар шайтон ва лашкарҳояш буд (1 Петрус 3:22; Қӯлассиён 2:15). Дар Эфсӯсиён 4:8-10 низ нисбати ин масъала як фикре медиҳад. Павлус Забур 68:18-ро иқтибос оварда, дар бораи Масеҳ чунин мегӯяд: “Ба осмон боло рафта, асиронро ба асирӣ бурд ва ба одамон бахшоишҳо дод” (Эфсӯсиён 4:8). Дар тарҷумаи ESV он чунин аст, ки Масеҳ “як қатор асиронро овард”. Чунин ба назар мерасад, ки дар биҳишт Исо ҳамаи он касони харидаашро, ки пештар дар он ҷо буданд, ҷамъ карда, ба ҷои доимиашон ба осмон бурд.
Хулоса, Китоби Муқаддас мукаммал намегӯяд, ки дар се рӯзи баъд аз марг ва пеш аз зиндашавиаш Масеҳ чӣ кор кардааст. Мо фақат ҳаминро қайд карда метавонем, ки Исо азизони худро ба хонаи абадиашон овард ва ғалабаи Худро бар фариштагони бе Худо буда, ки дар зиндон буданд, эълон кард. Инчунин мо қатъӣ гуфта метавонем, ки Исо ба ҳеҷ каси дар онҷо буда имконияти дуюм барои наҷот ёфтан надодааст. Баъд аз марг имконияти дуюми наҷот ёфтан ба мо дода намешавад, балки мо бо доварӣ дучор мешавем (Ибриён 9:27). Инчунин Исо дар дӯзах азоб накашидааст, чунки кори кафорати Ӯ дар салиб ба анҷом расида буд (Юҳанно 19:30).
English
Исо дар давоми се рӯзи байни марг ва зиндашавиаш дар куҷо буд?