settings icon
share icon
Савол

Роҳи наҷот аз рӯйи китоби Румиён?

Чавоб


“Роҳи наҷот аз рӯйи китоби Румиён” ин як усули шарҳи хушхабар дар бораи наҷот мебошад. Ин усул дар асоси оятҳои яке аз китобҳои Китоби Муқаддас ба номи Румиён тартиб дода шудааст. Шарҳи он хеле оддию фаҳмо ва бениҳоят пуртаъсир аст. Ин шарҳ ба чунин саволҳо ҷавоб медиҳад: Чаро ба мо наҷот лозим аст? Худо чӣ тавр ба мо наҷотро пешниҳод мекунад? Мо чӣ тавр наҷотро қабул карда метавонем? Натиҷаи наҷот дар чӣ аст?

Дар усули “Роҳи наҷот аз рӯйи китоби Румиён” оятҳои зерин истифода мешаванд:

1) Румиён 3:23 – “Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шуданд”. Мо ҳама гуноҳ кардем. Худо ҳамаи корҳои моро чашми дидан надорад. Ҳеҷ каси бегуноҳ нест. Румиён 3:10-18 муфассал мефаҳмонад, ки гуноҳ дар ҳаёти мо ба чӣ монанд аст.

2) Румиён 6:23 ба мо дар бораи оқибатҳои гуноҳ таълим медиҳад: “Зеро ки музди гуноҳ мамот аст, аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ аст”. Ҷазои гуноҳҳои мо марг аст. Марги на фақат ҷисмонӣ, балки марги абадӣ низ!

3) Ояти сеюми усули Роҳи наҷот аз рӯйи китоби Румиён аз давоми Румиён 6:23 сар мешавад: “аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ аст”. Дар Румиён 5:8 гуфта шудааст: “Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд”. Исои Масеҳ ба ҷои мо мурд! Марги Исо товони гуноҳҳои мо буд. Зиндашавии Исо исбот мекунад, ки Худо марги Исоро ҳамчун ҷуброн барои гуноҳҳои мо қабул кард.

4) Румиён 10:9 – “Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон зинда кард, наҷот хоҳӣ ёфт”. Азбаски Исо ба хотири мо мурд, мо бояд фақат ба Ӯ имон оварем ва бовар кунем, ки марги Ӯ ҷуброни гуноҳҳои мо буд, он гоҳ мо наҷот меёбем! Румиён 10:13 инро боз тасдиқ мекунад: “Зеро ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт”. Исо барои супоридани ҷуброни гуноҳҳои мо ва аз марги абадӣ наҷот доданамон мурд. Ба ҳар касе, ки Исои Масеҳро ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳандаи худ қабул мекунад, бахшиши гуноҳҳояш ва наҷот дастрас аст.

5) Дар ҷамъбастӣ ин шарҳ оят дар бораи натиҷаи наҷот меояд. Дар Румиён 5:1 гуфтаҳои аҷоиб оварда шудаанд: “Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем”. Ба воситаи Исои Масеҳ мо сулҳ ва осоиштагӣ бо Худо дошта метавонем. Румиён 8:1 ба мо таълим медиҳад: “Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое, ки дар Исои Масеҳ ҳастанд”. Азбаски Исо бар ивази мо мурд, мо ҳаргиз барои гуноҳҳоямон маҳкум намешавем. Дар охир, мо ваъдаи пурарзиши Худоро дорем, ки он дар Румиён 8:38-39 навишта шудааст: “Зеро ман мӯътақидам, ки на марг, на ҳаёт, на фариштагон, на девҳо, на ҳозира, на оянда, на қувваҳо, на баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад”.

Оё шумо “Роҳи наҷот аз рӯйи китоби Румиён” – ро дар ҳаётатон тадбиқ кардан мехоҳед? Агар хоҳед, шумо метавонед ин як дуои оддиро ба Худо гӯед. Бо ин дуо шумо ба Худо мегӯед, ки масъалаи наҷоти худро ба Исои Масеҳ таваккал мекунед. Ин калимаҳо шуморо наҷот намедиҳанд. Танҳо имон ба Исои Масеҳ шуморо наҷот дода метавонад! “Эй Худо, ман медонам, ки гуноҳкор ва сазовори ҷазо ҳастам. Аммо Исо Масеҳ ҷазои маро гирифт ва акнун ба воситаи боварӣ ба Ӯ гуноҳҳои ман бахшида шудаанд. Наҷотёфтани худро ба Ту таваккал мекунад. Барои файзи аҷоибат, бахшидани гуноҳҳоям, ҳаёти абадӣ тӯҳфа доданат аз Ту миннатдор ҳастам! Омин!”

Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.

English



ба сахифаи точики баргардед

Роҳи наҷот аз рӯйи китоби Румиён?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries