settings icon
share icon
Савол

Китоби Муқаддас дар бораи талоқ ва издивоҷи дубора чӣ мегӯяд?

Чавоб


Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки новобаста аз фикру ақидаҳои гуногуни одамон дар бораи талоқ, мо бояд Малокӣ 2:16-ро дар ёд дошта бошем: “Ман аз талоқ нафрат дорам, мегӯяд, Худованд Худои Исроил”. Издивоҷ аз рӯи Китоби Муқаддас ин пайвастагии якумрӣ аст. “Акнун онҳо на ду тан, балки якто ҳастанд. Пас, бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст” (Матто 19:6). Худо медонист, ки агар ду шахси гунаҳкор издивоҷ кунанд, дер ё зуд масъалаи талоқ низ ба миён меояд. Барои ҳамин Худо дар Аҳди Қадим оид ба талоқ чанд қонуне бо мақсади он додааст, ки ҳуқуқҳои тарафайн, хусусан занон ҳифз шаванд (Такрори Шариат 24:1-4). Исо қайд мекунад, ки иҷозати талоқ аз сабаби дилсахтии одамон дода шуда буд. Аммо талоқ ин хости Худо нест (Матто 19:8).

Асосан баҳсҳо дар гирду атрофи гуфтаҳои Исо оид ба талоқ ва издивоҷи дубора мераванд (Матто 5:32 ва 19:9). Аз рӯйи гуфтаҳои Исо “хиёнати зан ва ё шавҳар” ин ягона асосест, ки Худо ба талоқ ва издивоҷи дубора иҷозат медиҳад. Бисёриҳо фикр мекунанд, ин ҷои навиштаҷот дар бораи “хиёнати зан ва ё шавҳар” ба давраи номзадӣ тааллуқ дорад. Дар урфу одати яҳудиён, марду зани номзадшуда ҳамчун зану шавҳар ба ҳисоб мерафтанд. Аз рӯйи ин ақида, талоқ фақат дар ҳолати хиёнат дар давраи номзадӣ мумкин буд.

Вале маънои аслии ибораи «хиёнати зан ва ё шавҳар” дар забони юнонӣ ҳар гуна бадахлоқии ҷинсиро дорад, мисли зино, танфурӯшӣ ва ғайра. Исо гуфт, ки танҳо дар ҳолати зино талоқ иҷозат дода мешавад. Алоқаи ҷинсӣ ин як қисми ҷудонашавандаи издивоҷ аст, яъне ин алоқаест, ки зану шавҳарро пайваст мекунад: “ҳар ду як тан хоҳанд буд” (Ҳастӣ 2:24; Матто 19:5; Эфсӯсиён 5:31). Барои ҳамин ҳар намуди алоқаи ҷинсие, ки берун аз никоҳ аст, ба талоқ шудан сабаб мешавад. Агар ин тавр бошад, Исо дар ин порча издивоҷи дубораро низ дар назар дошт. Ибораи “ва зани дигарро гирад” (Матто 19:9) нишон медиҳад, ки талоқ ва издивоҷи дубора дар ҳолати зино иҷозат дода мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки танҳо ба ҷабрдида издивоҷи дубора иҷозат дода мешавад. Иҷозат ба издивоҷи дубораро ҳамчун як раҳми Худо фаҳмидан мумкин аст, албатта инро мо дар матн намебинем, яъне раҳми Худо нисбати ҷабрдида аст ва на ба каси зино карда. Ҳолатҳое эҳтимол доранд, ки ба шахси зинокарда ҳам издивоҷи дубора иҷозат дода шудааст, лекин ин порча ба мо чунин таълим намедиҳад.

Баъзеҳо порчаи 1 Қӯринтиён 7:15 ҳамчун як имконияти дигар барои издивоҷи дубора мебинанд. Онҳо фикр мекунанд, ки агар ҳамсари имондор беимон бошад, пас ба талоқ иҷозат ҳаст. Вале матн чунин намегӯяд. Дар он ҷо гуфта шудааст, ки агар ҳамсари беимон шахси имондорро партофта рафтан хоҳад, он гоҳ шахси имондор ҷудо шуда метавонад. Баъзеҳо мегӯянд, ки сӯиистеъмоли ҳамсар ё фарзанд далел барои талоқ шуда метавонад, гарчанде дар Китоби Муқаддас дар бораи ин гуфта нашуда бошад ҳам. Шояд ин сабаби хеле ҷиддӣ аст, лекин ба ҳар ҳол Каломи Худоро бо тахмин таҳлил кардан аз рӯи хирад нест.

Баъзан дар мубоҳисаҳо ин сабаби «хиёнати зан ва ё шавҳар»-ро ҳамчун баҳо барои талоқ истифода мебаранд ва на ҳамчун талабот. Ҳатто дар ҳолати зино кардан, ҳамсарон метавонанд, бо файзи Худо, якдигарро бахшанду издивоҷашонро нигоҳ доранд. Охир Худо чӣ қадар гуноҳҳои бисёри моро бахшидааст. Мо низ ба монанд Ӯ гуноҳи зиноро бахшида метавонем (Эфсӯсиён 4:32). Сарфи назар аз ин, дар бисёр мавридҳо, ҳамсар пушаймон нашуда, зино кардан мегирад. Дар ин ҳолат гуфтаҳои Матто 19:9-ро шояд истифода бурд. Бисёриҳо баъд аз ҷудо шудан, гашта зудтар издивоҷ кардан мехоҳанд ва фикр намекунанд, ки шояд Худо муҷаррад буданашонро мехоҳад. Баъзан Худо мехоҳад, ки мо муҷаррад монем, чунки дар ин ҳолат тамоми фикру ҳушамо ба Худо бахшида мешавад (1 Қӯринтиён 7:32-35). Издивоҷи дубора баъд аз талоқ ягона роҳ нест, балки яке аз роҳҳост.

Афсӯс, ки фоизи ҷудошавӣ (талоқ) дар байни масеҳиён ба монанди беимонони ҷаҳон зиёд аст. Китоби Муқаддас аниқ мегӯяд, ки Худо аз талоқ нафрат дорад (Малокӣ 2:16), оштигӣ ва бахшиш ин як нишонаи ҳаёти масеҳӣ бояд бошад (Луқо 11:4; Эфсӯсиён 4:32). Лекин Худо медонад, ки талоқ ҳатто дар байни фарзандони Ӯ рӯй медиҳад. Имондоре, ки аз ҳамсараш ҷудо шудааст ва ё издивоҷи дубора кардааст, набояд ҳис кунад, ки Худо вайро камтар дӯст медорад, ҳатто агар талоқ ва ё издивоҷи дубораи вай мувофиқи Матто 19:9 набошад. Бисёр вақт Худо ҳатто беитоатии гунаҳкоронаи масеҳиёнро бо некӣ табдил медиҳад.

English



ба сахифаи точики баргардед

Китоби Муқаддас дар бораи талоқ ва издивоҷи дубора чӣ мегӯяд?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries