Савол
Оё аз рӯйи Китоби Муқаддас мо дилпур шуда метавонем, ки ҳаёти абадиро аз даст намедиҳем?
Чавоб
Вақте ки мо Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда мешиносем, бо Худо муносибат пайдо мекунем, ки он кафолати аз даст надодани ҳаёти абадиамон мешавад. Дар Яҳудо 24 гуфта шудааст: “Ба Ӯ, ки шуморо аз гуноҳ нигоҳ дошта, бе камбудӣ ва бо шодмонӣ пеши ҷалоли Худ оварда метавонад”. Худо қуввати кофӣ дорад, ки имондоронро аз содир кардани гуноҳ эҳтиёт кунад. Ин на аз мо, балки аз Худо вобаста аст. Чунки Ӯ моро ба ҳузури ҷалоли Худ мебиёрад. Наҷоти мо аз корҳои мо вобаста нест, балки ҳамааш дар дасти Худо аст, ки моро эҳтиёт мекунад. Бинобар ин мо нисбати ҳаёти абадиамон дилпур ҳастем.
Худованд Исои Масеҳ гуфтааст: “Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бирабояд. Падари Ман, ки онҳоро ба Ман бахшидааст, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифта наметавонад” (Юҳанно 10:28-29). Исо ва ҳам Падар моро дар дасти Худ нигоҳ медоранд. Пас кӣ моро аз кафи дасти Падар ва Писар кашида гирифта метавонад?
Эфсӯсиён 4:30 ба мо мегӯяд, ки имондорон “то рӯзи озодӣ мӯҳр зада” шудаанд. Агар имондорон дилпурӣ аз он ки ҳаёти абадӣ доранд, надошта бошанд, он гоҳ он мӯҳр то рӯзи озодӣ нею, то рӯзи гуноҳ, то рӯзи рӯй гардонӣ ё инкор кардан, гуфта мешуд. Дар Юҳанно 3:15-16 гуфта шудааст, ки ҳар касе, ки ба Исои Масеҳ имон меоварад “ҳаёти абадӣ меёбад”. Агар ба шахс ваъдаи ҳаёти абадӣ дода шаваду баъд он ваъда боз аз вай гирифта шавад, он ҳеҷ гоҳ “абадӣ” ба ҳисоб намерад. Агар ҳаёти абадӣ ҳатман дода намешуд, пас ваъдаҳои Китоби Муқаддас оид ба ҳаёти абадӣ нодуруст ҳастанд.
Яке аз далелҳои пурқувват дар бораи он ки ҳаёти абадиро аз даст дода намешавад дар Румиён 8:38-39 оварда шудааст: “Зеро ман боварии аниқ дорам, ки на марг, на ҳаёт, на фариштагон, на девҳо, на ҳозира, на оянда, на ҳар гуна қувваҳо, на баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад”. Аз сабаби ин муҳаббати Худо, ки Ӯ нисбати наҷотдодагонаш дорад, мо аз ҳаёти абадиамон дилпур ҳастем. Ва ин ҳаёти абадии аз даст намерафтаро Исои Масеҳ аз рӯйи ваъдаи Падар барои мо харида гирифт ва бо Рӯҳи Муқаддас мӯҳр зада дод.
English
Оё аз рӯйи Китоби Муқаддас мо дилпур шуда метавонем, ки ҳаёти абадиро аз даст намедиҳем?