Савол
Оё барои наҷот ёфтан танҳо имон кифоя аст, ё ин ки ҳамроҳи имон корҳои нек ҳам бояд бошанд?
Чавоб
Дар иллоҳиётшиносии масеҳӣ ин савол шояд яке аз саволҳои муҳимтарин аст. Ҷавоби ин савол сабаби табадуллоти Аврупоӣ гашт, ки байни калисои протестантию насронӣ (католикӣ) ҷудоӣ ба миён овард. Инчунин ҳамин савол байни масеҳиёне, ки аз рӯйи Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд ва бисёри мазҳабҳои дигари “масеҳӣ” фарқият ба миён меоварад. Оё танҳо бо имон наҷот ёфта мешавад ё бояд имон бошаду корҳои нек ҳам? Оё ман танҳо бо имон овардан ба Исои Масеҳ наҷот меёбам, ё ман ба Исо имон оварда, боз корҳои муайяне бояд кунам?
Баъзе оятҳои Китоби Муқаддас, ки гӯё бо якдигар мувофиқ намеоянд, моро ба душворӣ дучор мекунад. Масалан агар Румиён 3:28, 5:1 ва Ғалотиён 3:24-ро бо Яъқуб 2:24 муқоиса кунем, мебинем, ки фикри Павлус (наҷот танҳо ба воситаи имон аст) аз фикри Яъқуб (наҷот ба воситаи имон ва амал) фарқ мекунад. Павлус қатъиян мегӯяд, ки танҳо ба воситаи имон аз гуноҳ сафед шудан мумкин (Эфсӯсиён 2:8-9), дар ҳоле ки Яъқуб мегӯянд, ки имон бе амал кофӣ нест. Агар гуфтаҳои Яъқубро таҳлил кунем, мо ҳалли ин муамморо меёбем. Яъқуб фикри онро, ки “шахс бе ягон кори нек имон оварда метавонад” – ро қатъиян рад мекунад (Яъқуб 2:17-18). Яъқуб таъкид мекунад, ки имони ҳақиқӣ ба Масеҳ ҳаёти шахсро тағйир медиҳад ва вай корҳои некро анҷом медиҳад (Яъқуб 2:20-26). Яъқуб намегӯяд, ки шахс ба воситаи имон ва кори нек сафед мешад, балки шахсе, ки дар ҳақиқат аз рӯйи имонаш аз гуноҳ сафедшудааст, дар ҳаёташ корҳои нек мекунад. Агар шахс худро имондор хонаду дар ҳаёташ корҳои нек накунад, он гоҳ вай эҳтимол аст, ки ба Масеҳ ҳақиқӣ бовар накардаааст (Яъқуб 2:14, 17, 20, 26).
Павлус низ дар номааш ҳаминро дар назар дорад. Имондор дар ҳаёташ бояд меваҳои нек оварад, ки он меваҳо дар Ғалотиён 5:22-23 номбар шудаанд. Пас аз хондани ин оятҳо, гуфтани он ки мо танҳо ба воситаи имон наҷот меёбем, рост намеояд (Эфсӯсиён 2:8-9). Павлус ба мо таъкид мекунад, ки корҳои нек кунем (Эфсӯсиён 2:10). Павлус ба монани Яъқуб, интизор аст, ки мо як зиндагии тағйирёфтаро ба сар барем: “Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштаанд, ва инак ҳама чиз нав шудааст” (2 Қӯринтиён 5:17). Таълимоти Яъқуб оид ба наҷот муқобили таълимоти Павлус нест. Онҳо фақат ҳамон як мавзўро аз нуқтаи назари гуногун дида баромадаанд. Павлус танҳо бо имон сафедшуданро таъкид мекарду Яъқуб диққати махсусро ба он далел мегузошт, ки имони ҳақиқӣ ба Масеҳ кори некро ба самар меоварад.
English
Оё барои наҷот ёфтан танҳо имон кифоя аст, ё ин ки ҳамроҳи имон корҳои нек ҳам бояд бошанд?