Савол
Кадом қонунҳо ба чор қонуни рӯҳонӣ дохил мешаванд?
Чавоб
Чор қонуни рӯҳонӣ ин як тарзи паҳн кардани хушхабар дар бораи наҷот аст, ки он дар асоси имон ба Исои Масеҳ мебошад. Ин як роҳест, ки барои осонтар фаҳмидани маълумоти муҳими хушхабар, онро ба чор қисм тақсим карда, бо як тартиб баён мекунад.
Чор қонуни рӯҳонӣ инҳоянд:
1) “Худо туро дӯст медорад ва барои ҳаёти ту нақшаи хеле хуб дорад”. Юҳанно 3:16 ба мо мегӯяд: “Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад”. Юҳанно 10:10 ба мо сабаби ба замин омадани Исоро мефаҳмонад: “Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт дошта бошад ва ҳаёти фаровон дошта бошанд”. Аммо моро аз муҳаббати Худо чӣ дур мекунад? Барои доштани ҳаёти фаровон ба мо чӣ монеъ мешавад?
2) “Инсоният гирифтори гуноҳ шуд ва ин ҳолати гуноҳкорӣ моро аз Худо ҷудо кард. Дар натиҷа, мо аз нақшаи аҷоиби Худо, ки нисбати ҳаёти мо дорад, бехабар мондем”. Румиён 3:23 ин гуфтаро тасдиқ мекунад: “Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шуданд”. Румиён 6:23 бошад, ба мо оқибатҳои гуноҳро нишон медиҳад: “музди гуноҳ марг аст”. Худо моро барои он офарида буд, ки бо Ӯ муносибат дошта бошем. Вале инсон гуноҳро ба ҷаҳон овард ва бинобар ин аз Худо ҷудо шуд. Он муносибатеро, ки Худо ба мо пешакӣ таъин карда буд, мо вайрон кардем. Акнун онро чӣ тавр барқарор карда мешавад?
3) “Исои Масеҳ роҳи ягонаест, аз ҷониби Худо барои аз нав барпо кардани муносибати вайрон кардаамон, ба мо кушода шудааст. Ба воситаи Исои Масеҳ гуноҳҳои мо бахшида мешаванд ва муносибати дуруст бо Худо барқарор мешавад”. Дар Румиён 5:8 гуфта мешавад: “Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд”. Дар 1 Қӯринтиён 15:3-4 ба мо маълумоти даркорӣ дода шудааст, ки мо ба он бовар карда, наҷот ёбем: “...яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд ва Ӯ дафн карда шуду мувофиқи Навиштаҳо дар рӯзи сеюм зинда шуд...” Дар Юҳанно 14:6 Худи Исо мегӯяд, ки Ӯ ягона роҳи наҷот аст: “Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман”. Ман барои ба даст овардани чунин тӯҳфаи аҷоиби наҷот чӣ карданам даркор?
4) “Барои наҷот ёфтан, мо бояд ба Исои Масеҳ ҳамчун Наҷотдиҳандаамон бовар кунем ва нақшаи аҷоиби Худоро ба ҳаётамон донем”. Юҳанно 1:12 ба мо мефаҳмонад, ки: “Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд”. Аъмол 16:31 бошад аниқ мегӯяд: “Ба Худованд Исо бовар кун ва ту наҷот хоҳӣ ёфт!” Мо танҳо аз рӯйи файз ба воситаи имон ба Исои Масеҳ наҷот меёбем (Эфсӯсиён 2:8-9).
Агар шумо хоҳед, ки Исои Масеҳро хамчун Наҷотдиҳандаи худ қабул кунед, суханони зеринро ба Худо гӯед. Шуморо на ин суханон наҷот медиҳад, балки таваккали шумо ба Масеҳ, наҷот хоҳад дод! Ин дуо танҳо як роҳи ифода кардани бовариатон ба Худо ва миннатдориатон барои наҷоти додааш аст. “Эй Худо, ман медонам, ки гуноҳкорам ва сазовори ҷазо ҳастам. Аммо Исо Масеҳ ҷазои маро гирифт ва акнун ба воситаи боварӣ ба Ӯ гуноҳҳои ман бахшида шудаанд. Наҷотёфтани худро ба Ту таваккал мекунад. Барои файзи аҷоибат, бахшидани гуноҳҳоям, ҳаёти абадӣ тӯҳфа карданат шукр мекунам! Омин!”
Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.
English
Кадом қонунҳо ба чор қонуни рӯҳонӣ дохил мешаванд?