Савол
Китоби Муқаддас оид ба ҳомосексуализм чӣ мегӯяд? Оё ҳомосексуализм гуноҳ аст?
Чавоб
Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки ҳомосексуализм ин гуноҳ аст (Ҳастӣ 19:1-13; Ибодат 18:22; Румиён 1:26-27; 1 Қӯринтиён 6:9). Махсусан Румиён 1:26-27 таълим медиҳад, ки ҳомосексуализм дар натиҷаи инкор кардани Худо ва ба Ӯ итоат накардан рӯй медиҳад. Вақте ки одамон гуноҳ кардан мегиранду ба Худо имон надоранд, Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор мекунад, то нишон диҳад, ки бе Худо ҳаёти онҳо оворагӣ ва ноумедӣ аст. 1 Қӯринтиён 6:9 мегӯяд, ки ҳомосексуализм “золимӣ” аст ва он касе, ки онро мекунад дохили Подшоҳии Худо намешавад.
Худо шахсро ҳомосексуал наофаридааст. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки мардум аз сабаби гуноҳашон гирифтори ҳомосексуализм шудаанд (Румиён 1:24-27) ва ин интихоби худашон аст. Шояд шахсе моил ба ҳомосексуализм таваллуд шуда бошад ба монанди баъзе касоне, ки моил ба зӯроварӣ кардан ё моил ба ягон гуноҳи дигар таваллуд мешаванд. Лекин ин ҳақ намедиҳад, ки инсон ба ҳамон гуноҳ даст зада ба он пурра дода шавад. Агар касе аз вақти таваллудаш бадқаҳру шӯришгар бошад, оё ин ба вай ҳақ медиҳад, ки бемалол бо ҳамин хуйю феълаш рафтор кунад? Ҳаргиз! Ҳомосексуализм низ айнан ҳамин чиз аст.
Бо вуҷуди ин, Китоби Муқаддас ҳомосексуализмро “гуноҳи калонтар” аз гуноҳҳои дигар тасвир намекунад. Ҳар намуди гуноҳ Худоро меранҷонад. Ҳомосексуализм дар қатори ҳамаи гуноҳҳои дигар аст, ки дар 1 Қӯринтиён 6:9-10 номбар шудаанд ва шахсоне, ки ин гуноҳҳоро мекунанд ба Подшоҳии Худо дохил намешаванд. Мувофиқи Китоби Муқаддас, Худо ҳамон тавре ки зино, бутпарастӣ, қатл, дуздӣ ё ягон гуноҳи дигарро мебахшад, ҳомосексуализмро низ мебахшад. Худо ҳамчунин ваъда додааст, ки ба мо қувват барои ғалабаи ҳар гуноҳ медиҳад ва аз он ҷумла гуноҳи ҳомосексуализм. Ин ваъда ба ҳамаи онҳое тааллуқ дорад, ки бовар мекунанд, ки Исои Масеҳ онҳоро наҷот медиҳад (1 Қӯринтиён 6:11; 2 Қӯринтиён 5:17; Филиппиён 4:13).
English
Китоби Муқаддас оид ба ҳомосексуализм чӣ мегӯяд? Оё ҳомосексуализм гуноҳ аст?