settings icon
share icon
Савол

Ман чӣ тавр ман иродаи Худоро нисбати ҳаёти худ фаҳмида метавонам? Китоби Муқаддас дар бораи донистани иродаи Худо чӣ мегӯяд?

Чавоб


Иродаи Худоро донистан муҳим аст. Исо гуфтааст, ки бо Ӯ муносибати ҳақиқӣ онҳое доранд, ки иродаи Падарро медонанду онро иҷро мекунанд: “Ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо орад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст” (Марқӯс 3:35). Бо масали ду писар, Исо саркоҳинон ва пирони қавмро сарзаниш кард, ки иродаи Падарро иҷро намекарданд. Махсусан онҳо “тавба накарданд ва имон наоварданд” (Матто 21:32). Хости асосии Худо ин аст, ки ба гуноҳамон тавба карда, ба Масеҳ бовар кунем. Агар мо ин қадами аввалро нагузорем, пас иродаи Худоро қабул накарда мебошем.

Вақте ки Масеҳро бо имон қабул мекунем, мо фарзандони Худо мешавем (Юҳанно 1:12) ва Худо мехоҳад, ки моро роҳнамоӣ кунад (Забур 142:10). Худо нияти пинҳон кардани иродаашро надорад, баръакс Ӯ мехоҳад, ки онро ба мо маълум гардонад. Дар асл Ӯ дар каломаш аллакай ба мо маслиҳатҳои зиёд додааст. Масалан мо бояд барои ҳама чиз шукр гӯем, зеро чунин аст иродаи Худо барои мо (1 Таслӯникиён 5:18). Мо бояд корҳои нек кунем (1 Петрус 2:15). Инчунин “иродаи Худост, ки шумо бояд пок бошед ва аз зино парҳез кунед” (1 Таслӯникиён 4:3).

Мо иродаи Худоро дониста ва дарк карда метавонем. Румиён 12:2 мегӯяд: «Худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи нав кардани ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист». Ин порча ба мо пайдарпаии муҳимро нишон медиҳад: фарзанди Худо ҳамшакли ин дунё намешавад ва ба Рӯҳи Муқаддас иҷозат медиҳад, ки вайро тағйир диҳад. Фақат баъд аз он ки ақламон мувофиқи кори Худо нав мешавад, мо иродаи комили Худоро дарк карда метавонем.

Вақте ки мо иродаи Худоро нисбати ягон масъала донистан мехоҳем, бояд аввал аниқ кунем, ки дар Китоби Муқаддас он кор манъ нашуда бошад. Масалан, дар Китоби Муқаддас дуздӣ манъ аст, чунки Худо рӯйирост дар бораи ин масъала гуфтааст. Агар мо донистан хоҳем, ки оё Худо барои ғорат кардани бонк ба мо розигӣ медиҳад ё не, ҷавоб албатта “не” аст, ҳатто ҳоҷати барои ин масъала дуо кардан ҳам нест. Дигар ин аст, ки мо бояд аниқ донем, ки ин кор ба Худо ҷалол меорад ё не ва ба мо ё дигарон кӯмаки рӯҳонӣ мерасонад ё не.

Баъзан фаҳмидани иродаи Худо душвор аст, чунки он сабрро талаб мекунад. Ин табиӣ аст, ки мо тамоми иродаи Худоро даррав донистан мехоҳем, лекин Худо одатан ин тавр кор намекунад. Ӯ ба мо иродаашро қадам ба қадам ошкор мекунад ва дар ҳар як қадам имонамонро обу тоб медиҳад, то ки ба Ӯ такя кунем. Аз ҳама муҳим ин аст, ки дар вақти мунтазир шудани қадами оянда, мо корҳои нек кунем (Яъқуб 4:17).

Аксар вақт, мо мехоҳем, ки Худо ба мо ошкор кунад, ки дар куҷо кор ва зиндагӣ кунем, бо кӣ издивоҷ кунем, кадом мошинро харем ва ғайра. Худо ба мо ҳаққи интихоб карданро додааст ва агар мо худро пурра ба Ӯ бахшида бошем, Ӯ моро аз интихоби нодуруст ҳатман бозмедорад (Аъмол 16:6-7).

Чӣ қадаре ки мо бо ягон шахс бештар ошно шудан гирем, торафт хоҳишҳои вайро нағзтар меомӯзем. Масалан, вақте ки тӯби як кӯдак ба кӯчаи сермошин мепарад, вай ба тӯб нигоҳ карда меистаду аз пушташ намедавад, чунки вай медонад, ки падараш ба он ҷо рафтанашро намехоҳад. Ба вай зарур нест, ки ҳар дафъа дар чунин ҳолатҳо аз падараш маслиҳат пурсад. Вай аллакай ҷавоби падарашро медонад, чунки падарашро нағз мешиносад. Муносибати мо низ бо Худо ҳамин тавр аст. Вақте ки мо бо Худованд наздик ҳастем, ба Каломаш итоат мекунем ва ба Рӯҳи Ӯ гӯш медиҳем, он гоҳ мефаҳмем, ки ба мо ақли Масеҳ дода шудааст (1 Қӯринтиён 2:16). Мо Масеҳро беҳтару беҳтар мешиносем ва ин дар донистани иродаи Худо ёрӣ мерасонад. Худо ба таври осон моро роҳнамоӣ мекунад. “Адолати шахси беайб роҳи ӯро ҳамвор мекунад, вале шарир дар шарорати худ фурӯ меғалтад” (Масалҳо 11:5).

Агар дар зиндагиамон мо бо Худованд наздик бошему дар ҳақиқат иродаашро ҷӯем, Худо орзуҳои Худро дар дили мо ҷойгир мекунад. Муҳим ин аст, ки дар талаби иҷрошавии на хости худамон, балки хости Худо бошем. “Ба Худованд таваккал намо ва Ӯ хости дилатро ба ту ато хоҳад кард” (Забур 36:4).

English



ба сахифаи точики баргардед

Ман чӣ тавр ман иродаи Худоро нисбати ҳаёти худ фаҳмида метавонам? Китоби Муқаддас дар бораи донистани иродаи Худо чӣ мегӯяд?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries