settings icon
share icon
Савол

Маънои зиндагӣ дар чист?

Чавоб


Маънои зиндагӣ дар чист? Чӣ тавр ман мақсади ҳаётро ёфта ба муродам расида, аз зиндагиам қаноатманд шуда метавонам? Оё ман қобилияте дорам, ки ягон кори бузурге кунам, ки баъд аз ман нишона монад? Бисёр одамон дар ғарқи ин саволҳои муҳим ҳастанд. Онҳо баъд аз гузашти солҳо, ба ақиб назар андохта ҳайрон мешаванд, ки чаро муносибатҳои онҳо барҳам хӯрданд, барои чӣ ҳаёташонро бемазмун ҳис мекунанд, бо вуҷуди он ки ба мақсадҳои гузоштаашон расидаанд. Аз як бозингари машҳури бейсбол пурсиданд, ки дар аввали касби бозингариаш кадом маслиҳатро шунидан мехост. Ӯ ҷавоб дод: “Ман мехостам, касе ба ман маслиҳат медод, ки дар қуллаи баланди шӯҳрат ҳеҷ чиз нест”. Бемазмун будани бисёр мақсадҳоро танҳо баъд аз солҳои беҳуда сарф кардаатон мефаҳмед.

Дар ҷомеаи инсондӯстии мо мардум аз пайи мақсадҳои бисёр мераванд ва фикр мекунанд, ки маънои ҳаёташон ҳамин аст. Баъзе аз ин мақсадҳо инҳоянд: пешравии кор, боигарӣ, ошнобозӣ, алоқаҳои ҷинсӣ, кайфу сафо ё корҳои хайриявӣ. Одамон мегӯянд, ки баъд аз ба мақсад расиданашон (бойгарӣ, муносибатҳо ва вақтхушиҳо), боз ҳам дар дохили худ холигие ҳис мекунанд ва ба назар мерасад, ки он холигиро ҳеҷ чиз пур карда наметавонад.

Муаллифи китоби Воиз ин ҳиссиётро тасдиқ мекунад: “Ҳеҷу пуч аст, гуфт Воиз, ҳеҷу пуч аст... Ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!” (Воиз 1:2). Муаллифи китоби Воиз шоҳ Сулаймон бойгарии беҳад зиёд, ҳикмати аз ҳама бештар, садҳо занон, қасру боғҳо, беҳтарин хӯрду хӯрок, шаробу ҳар намуди дилхушиҳо дошт. Рӯзе ӯ гуфт, ки ҳар чизи дилхостаашро дорад. Бо ҳамаи ҳамин ӯ дар бораи “ҳаёт дар таҳти офтоб” чунин гуфтааст: ҳаёт ҳар чизест, ки бо чашмонамон мебинем ва бо ҳиссиётамон эҳсос мекунем ва ин ҳама ҳеҷу пуч аст! Чаро ҳаёт чунин холӣ аст? Чунки Худо моро барои чизи зиёдтар аз он, ки ҳоло мебинему ҳис мекунем, офаридааст. Сулаймон дар бораи Худо ин тавр гуфтааст: “Ӯ ҳамчунин фикри абадиятро дар дилҳои мардум ҷой додааст...” (Воиз 3:11). Дар диламон мо медонем, ки ҳаёт фақат аз зиндагии рӯйи замин иборат нест, балки зиёда аз он аст.

Дар аввали Китоби Муқаддас, дар китоби Ҳастӣ, мо мебинем, ки Худо одамро бо сурати Худ офарид (Ҳастӣ 1:26). Ин маънои онро дорад, ки мо бештар на ба чизи дигар, балки ба Худо монанд ҳастем. Мо инчунин медонем, ки пеш аз гуноҳ кардани инсон ва пеш аз ба лаънат гирифтор шудани замин чанд ҳақиқате вуҷуд дошт: (1) Худо одамро ҳамчун як махлуқи иҷтимоӣ офарид (Ҳастӣ 2:18-25); (2) Худо ба мард вазифа дод (Ҳастӣ 2:15); (3) Худо бо одам муносибат дошт (Ҳастӣ 3:8); ва (4) Худо ҳукмронии тамоми заминро ба дасти одам супорид (Ҳастӣ 1:26). Ҳамаи ин чӣ маъно дорад? Худо ният дошт, ки ҳамаи инро мо дар ҳаёти худ татбиқ кунем, лекин гуноҳи одам ба ҳамаи он таъсири манфӣ расонд (махсусан ба муносибати инсон бо Худо) ва дар натиҷа замин гирифтори лаънат шуд (Ҳастӣ 3).

Ба мо маълум аст, ки дар Ваҳй китоби охирини Китоби Муқаддас, Худо мегӯяд, ки ин замину осмони ҳозираро нобуд мекунад ва замину осмони навро барои абадият меофарад. Дар он вақт муносибат байни Ӯ ва шахсони наҷотёфта пурра барқарор мешавад, аммо онҳое, ки аз Худо рӯй гардонда буданд, маҳкум шуда, ба кӯли оташин партофта мешаванд (Ваҳй 20:11-15). Лаънати гуноҳ нест мешавад ва дар замину осмони нав дигар гуноҳ, ғаму андӯҳ, беморӣ, марг, дард ва ғайра намешаванд (Ваҳӣ 21:4). Ана ҳамаи ин некиҳо насиби имондорон мешаванд. Онҳо дар ҳузури Худо хоҳанд зист ва фарзандони Худо хоҳанд буд (Ваҳй 21:7). Аз ин рӯ, мо ба хулосае меомем, ки Худо моро барои муносибат доштан бо Худаш офаридааст, аммо одам гуноҳ кард ва ин муносибатро канд. Баъд Худо ин муносибатро аз нав пурра барқарор кард, ки он акнун абадӣ аст. Танҳо онҳое, ки сазовори Ӯ дониста шудаанд, соҳиби ин муносибат бо Худо мешаванд. Ҳоло мо ҳаётамонро бемазмуну холӣ гузаронда, баъд аз марг аз Худо ҳам ҷудо шавем, пас ҳаёти мо на фақат ҳеҷу пуч, балки дар ҳоли бадтарин аст! Худо бошад на фақат роҳ ба абадият (Луқо 23:43), балки як зиндагии пурмазмун ва қонеъбахшро дар ҳамин рӯйи замин низ бароямон дастрас кардааст. Чӣ тавр ин ҳаёти абадии пурбаракат ва пурмазмунро ба даст овардан мумкин аст?

МАЪНОИ ҲАЁТ БА ВОСИТАИ ИСОИ МАСЕҲ БАРҚАРОР ШУД

Танҳо баъд аз барқарор кардани муносибат бо Худо, мо маънои ҳақиқии ҳаёти заминӣ ва абадиро пайдо мекунем. Ин ҳамон муносибатест, ки Одаму Ҳавво баъд аз гуноҳ кардан, аз даст дода буданд. Ҳоло мо танҳо ба воситаи Писари Худо, Исои Масеҳ бо Худо муносибат дошта метавонем (Аъмол 4:12; Юҳанно 14:6; Юҳанно 1:12). Шахс ба гуноҳаш иқрор шуда, тавба мекунаду ҳаёти абадӣ ба даст меоварад (баъд аз ин вай гуноҳ кардан намехоҳаду хоҳиш пайдо мекунад, ки Масеҳ вайро тағйир дода, шахси нав кунад). Инчунин вай ба Исои Масеҳ ҳамчун Наҷотдиҳандааш таваккал мекунад (Маълумоти бештар оид ба ин масъалаи муҳим дар мавзӯи «Нақшаи наҷот дар чист?» оварда шудааст).

Маънои ҳақиқии ҳаёт на фақат дар фаҳмидани он, ки Исо Наҷотдиҳанда аст (гарчанде ин хеле муҳим ҳам аст). Маънои ҳақиқии ҳаёт дар он аст, ки шогирди Масеҳ шуда, Ӯро пайравӣ кунем, Ӯро наздиктар шиносем, дар омӯхтани Каломи Ӯ ҳамроҳаш вақт гузаронем, ба воситаи дуо бо Ӯ сӯҳбат кунем ва ба Ӯ итоат карда, фармонҳояшро иҷро кунем. Агар шумо беимон бошед (ва ё нав имондор шудаед) эҳтимолан аз дилатон мегузаронед, ки: «Ин хел ҳаёт дилгиркунанда аст ва ман ин тавр зиндагӣ карда наметавонам!» Илтимос, дар ин ҷо аз хондан бознаистед. Исо чунин гуфт: “Ҳамаи шумое, ки аз бори вазнин монда шудаед, ба назди Ман биёед ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам. Чунончи барзагов барои андохтани юғ гардан мефурорад, шумо низ ба юғи Ман сар фуроред ва аз Ман таълим бигиред, чунки Ман нармдилу хоксор ҳастам, он гоҳ ҷони шумо оромӣ меёбад. Зеро таҳти юғи Ман будан осон аст ва боре, ки Ман медиҳам, сабук аст” (Матто 11:28-30). “Ман омадаам, ки онҳо ҳаёт дошта бошанд ва ҳаёти фаровон” (Юҳанно 10:10Б). “ Ҳар каси шумо, ки пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад ва он гоҳ Маро пайравӣ кунад. Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман аз баҳри ҳаёти худаш мегузарад, ҳаёти абадӣ ба даст меоварад.” (Матто 16:24-25). “Дар Худо тасалло хоҳи ёфт, ва Ӯ хости дилатро ба ту ато хоҳад кард” (Забур 36:4).

Мақсади ҳама ин оятҳо ҳамин, ки интихоб дар дасти мост. Мо метавонем аз рӯйи хоҳишҳои худ зиндагӣ кунем, лекин оқибат онҳо моро ба ҳаёти пучу холӣ мебаранд. Ё метавонем аз таҳти дил Худоро ҷуста, иродаи Ӯро барои зиндагиамон интихоб кунем, ки дар натиҷа, бо як ҳаёти пурмазмун, қаноатбахш ва бо иҷрошавии хости диламон зиндагӣ мекунем. Зеро Офарандаамон моро дӯст медорад ва бароямон аз ҳама чизи беҳтарро мехоҳад (шояд ин ҳаёти осон набошад, лекин пурарзиш аст).

Агар шумо мухлиси варзиш бошеду, ба як бозии касбӣ рафтан хоҳед, якчанд доллар сарф карда, дар қатори болои варзишгоҳ ҷой мегиред ё чанд сад доллари дигар боз дода, аз наздиктар бозиро тамошо кунед. Ҳаёти масеҳӣ низ ба монанди ҳамин аст. Имондороне, ки фақат рӯзи якшанбе масеҳӣ ҳастанд, корҳои дасти Худоро аз наздик дида наметавонанд. Онҳо нарх насупоридаанд. Касоне, ки дар ҳақиқат на хоҳишҳои худ, балки мақсадҳои Худоро болотар монда, аз сидқи дил Масеҳро пайравӣ мекунанд, корҳои Худоро мебинанд. Онҳо нархро супориданд, яъне худро ба Масеҳ ва ба иродаи Ӯ пурра бахшидаанд. Ана онҳо бо ҳаёти пурарзиш зиндагӣ мекунанд. Онҳо бе пушаймони ба чашмони худ, чашмони шогирдони худ ва Офарандаи худ нигариста метавонанд! Оё шумо нарх супоридаед? Оё шумо нарх супоридан мехоҳед? Агар ҷавоби шумо ҳа бошад, он гоҳ дар бораи маъно ва мақсади ҳаёт дигар фикри зиёд намекунед.

English



ба сахифаи точики баргардед

Маънои зиндагӣ дар чист?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries