Савол
Ман худи хозир ба Исо бовари хосил кардам…акнун чи мешавад?
Чавоб
Табрик! Шумо кароре кабул кардед, ки хаети Шуморо дигаргун месозад! Шояд Шумо савол дода истода бошед, “Акнун чи мешавад? Чи тавр ман сафарамро бо Худо огоз мекунам?” Панч кадами дар поён зикргардида ба Шумо аз Инчил рохнамо мешавад. Агар хангоми хондан ягон савол пайдо кунед, хохиш мекунем, ба сахифаи https://www.gotquestions.org/Tajik мурочиат кунед.
1. Бовари хосил кунед, ки Шумо чи будани начотро фахмидед.
Дар Паёми 1 Иоан 5:13 гуфта мешавад, “Ман ин матлабро ба ту хамчун ба шахсе, ки ба номи Писари Худо бовар мекунад, навишта истодаам, то ту дони, ки ту сохиби хаети абади хасти.” Худо мехохад, ки мо начотро дарк кунем. Худо мехохад, ки мо бовари хосил кунем, ки мо бе чуну чаро начот ефтаем. Кисса кутох, биёед кадамхои асосии начотро аз назар гузаронем:
(a) Хамаи мо гунохкорем. Хамаи мо коре кардаем, ки ба Худо хуш намеояд (Паём ба римиён 3:23).
(б) Аз сабаби гунохамон мо чазоеро сазовор хастем, ки он чудоии абади аз Худо мебошад (Паём ба римиён 6:23).
(в) Исо барои ба гуноххои мо чавоб гуфтан дар болои салиб аз олам чашм пушид (Паём ба римиён 5:8; Паёми 2 ба коринфинихо 5:21). Исо чазоеро, ки мо сазовори он будем, ба худ гирифта, дар макони мо аз олам гузашт. Эхешавии У исбот кард, ки марги Исо барои чавоб гуфтан ба гуноххои мо кифоя буд.
(г) Худо хамаи шахсонеро, ки ба Исо бовар мекунанд – ба марги У хамчун чавоб ба гуноххои мо бовар мекунанд, мебахшад ва начот медихад (Паёми Иоан 3:16; Паём ба римиён 5:1; Паём ба римиён 8:1).
Ин худи паёми начот мебошад! Агар Шумо ба Исо хамчун ба Начоткори худ бовари хосил карда бошед, Шумо начот ефтед! Тамоми гуноххои Шумо бахшида шуданд, ва Худо ваъда медихад, ки Шуморо хеч гох тарк намекунад е танхо намегузорад (Паём ба римиён 8:38-39; Паёми Матфей 28:20). Дар хотир доред, ки начоти Шумо аз чониби Исо кафолатнок аст. (Паёми Иоан 10:28-29). Агар Шумо ба Исо хамчун Начотдихандаи ягонаи худ бовар кунед, Шумо метавонед бовари хосил кунед, ки хаети абадиатонро бо Худо дар чаннат мегузаронед!
2. Калисои хубе ебед, ки Инчилро меомузонад.
Дар тахти калисо бинои онро дар назар надоред. Калисо ин одамон аст. Барои шахсоне, ки ба Исо бовар мекунанд, дуст будан нихоят мухим аст. Ин яке аз максадхои аввалиндарачаи калисо мебошад. Холо, ки Шумо ба Исо бовари хосил намудед, мо ба Шумо маслихат медихем, ки дар минтакаи худ хатман калисоеро ебед, ки ба Инчил бовари доранд ва бо пастори он хамсухбат шавед. Уро аз боварии худ ба Исо хабардор созед.
Максади дуюми калисо ин омузонидани Инчил мебошад. Шумо метавонед чи гуна дар амал татбик намудани гуфтахои Худоро омузед. Фахмидани Инчил барои хаети бомуваффакият ва пуртаъсири насрони нихоят мухим аст. Паёми аввал ба Тимофей 3:16-17 мегуяд, “Тамоми Китоби Мукаддас аз Худо мебошад ва барои омузонидан, хукм кардан, ислох кардан ва омузонидан ба рохи дуруст муфид аст, то он, ки тамоми бандагони Худо барои хама гуна кори нек хаматарафа мучаххаз бошанд.”
Максади сеюми калисо ин ибодат аст. Ибодат ин рохи ба Худо барои хамаи корхои кардааш миннатдори баён намудан мебошад! Худо моро начот дод. Худо моро дуст медорад. Худо моро бо хама чиз таъмин мекунад. Худо ба мо рох нишон медихад. Чи тавр мо ба У миннатдори изхор накунем? Худо илохи, аз хама мавчудоти дуруст, дустдоранда, гамхор ва пур аз рахму шафкат аст. Дар Паёми Иоан 4:11 гуфта мешавад, “Э Худо, ту лоики шаъну шараф ва неруи, зеро ту тамоми мавчудотро офариди ва онхо бо амри ту офарида шуданд ва мавчуданд.”
3. Хар руз барои Худо вакт чудо намоед.
Хар руз мухим аст вакти муайяне барои Худо сарф кунем. Баъзе одамон ин вактро «лахзаи ороми» меноманд. Дигарон онро «вакти вафодори» мегуянд, чунки дар ин вакт мо худро ба Худо мебахшем. Баъзехо пагохирузи вакт чудо карданро афзал мебинанд, дигархо бошанд бегохи. Фарк надорад, ки Шумо ин вактро чи меномед ва е онро кай чудо мекунед. Чизи асоси он аст, ки Шумо хамеша бо Худо вакт сарф мекунед. Кадом чорабинихо вакти моро бо Худо хуш мекунад?
(a) Дуохони. Дуохони ин танхо сухбат кардан бо Худо мебошад. Бо Худо оид ба мушкилоти худ сухбат кунед. Аз Худо илтичо кунед, ки ба Шумо акл дихад ва рохнамои кунад. Аз Худо пурсед, ки чизхои ба Шумо заруриро таъмин созад. Ба Худо гуед, ки Шумо Уро чи кадар дуст медоред, ва хамаи он мехрубонихое, ки нисбат ба Шумо мекунад, то чи андоза арзеби мекунед. Ана ин хама дуохони асту халос.
(б) Хондани Инчил. Илова ба омухтани Инчил дар калисо, дар мактаби якшанбеги ва/ё омузиши Инчил Шумо бояд Инчилро барои худатон хонед. Инчил хамаи он чиро, ки Шумо барои хаети бомуваффакияти насрони бояд донед, дар бар мегирад. Он рохнамои Худоро оид ба кабул намудани карори окилона, чи тавр дарк кардани амри Худо, чи тавр ба дигарон рох нишон додан, ва чи тавр рухан ташаккул ефтан дар бар мегирад. Инчил ин Паёми Худо ба мост. Инчил ин мохиятан мачмуи коидахоест оид ба тарзи зисте, ки хам ба Худо хуш меояд ва хам моро каноатбахш мекунад.
4. Бо шахсоне, ки метавонанд ба Шумо кумаки рухи расонанд, муносибати худро ба рох монед.
Паёми 1 ба коринфинихо 15:33 мегуяд, “Рахгум назанед: ‘Гурухи одамони бад шахси хубро бероха мекунад.’” Инчил пур аз огохномахо оид ба таъсири шахсони «бадрафтор» ба мо мебошад. Гузаронидани вакт бо шахсоне, ки бо кори гунох машгуланд, ба он оварда мерасонад, ки аз фаъолияти онхо лаззат мебарем. Характери хамон шахсони моро ихотакарда ба мо «мегузарад». Барои хамин нихоят мухим аст, ки мо дар доираи хамон шахсоне бошем, ки Худоро дуст медоранд ва дар назди У масъулият хис мекунанд.
Кушиш кунед шояд аз калисое, ки меравед, як ё ду нафар дустоне пайдо кунед, ки метавонанд ба Шумо кумак расонанд ва Шуморо хавасманд кунанд (Паём ба яхудиён 3:13; 10:24). Аз дустонатон илтимос кунед, то Шуморо дар риояи вакти ороми, фаъолиятатон ва рохи Шумо бо Худо назорат кунанд. Пурсед, ки оё ба онхо хам лозим аст, ки Шумо онхоро назорат кунед. Ин маънои онро надорад, ки Шумо аз бахри тамоми дигар дустонатон, ки Исоро хамчун Начоткори худ намешиносанд, бароед. Бо онхо дустиатонро давом дихед ва онхоро дуст доред. Танхо ба онхо фахмонед, ки Исо хаёти Шуморо дигаргун сохт ва Шумо он корхоеро, ки пеш аз ин мекардед, дигар намекунед. Аз Худо илтичо кунед , то ба Шумо барои ба дигар дустон оид ба Исо накл кардан имконият фарохам оварад.
5. Баптист шавед.
Бисер одамон баптизмро нодуруст мефахманд. Мафхуми «баптизм» маънои ба об гута заданро дорад. Баптизм ин мувофики Инчил дар байни омма изхор намудани боварии нави Шумо ба Исо ва ба душ гирифтани масъулияти бо рохи У рафтанатон мебошад. Амали ба об гута задан пурра ба дохили Исо даромаданро нишон медихад. Амали аз об баромадан аз нав эхё шудани Исоро мефахмонад. Баптист шудан муайян намудани худ тавассути марг, дафн ва эхёшавии Исо мебошад. (Паём ба римиён 6:3-4).
Баптизм ин чизе нест, ки Шуморо начот дихад. Баптизм гуноххои Шуморо намешуяд. Баптизм ин танхо рохи итоат, дар назди омма эълон намудани боварии худ танхо ба Исо бахри начот мебошад. Баптизм зарур аст, чунки он кадаме ба суи итоат – дар назди омма эълон намудани боварии Шумо ба Исо ва масъулияти Шумо дар назди Он мебошад. Агар Шумо ба баптист шудан тайёр бошед, Шумо бояд бо ягон пастор дар ин бора сухбат кунед.
English
Ман худи хозир ба Исо бовари хосил кардам…акнун чи мешавад?