settings icon
share icon
Савол

Китоби Муқаддас дар бораи алоқаи ҷинсӣ пеш аз никоҳ чӣ мегӯяд?

Чавоб


Дар китоби Муқаддас ягон калимаи ибронӣ ё юноние (Як қисми Китоби Муқаддас, ки Аҳди Қадим ном дорад, бо забони ибронӣ ва қисми дигари он, ки номи Аҳди Нав дорад, бо забони юнонӣ навишта шуда буданд. Шарҳи Тарҷумон) нест, ки маҳз “алоқаи ҷинсии пеш аз никоҳ” – ро ифода кунад. Китоби Муқаддас бешубҳа, зино ва бадахлоқии ҷинсиро гуноҳ ҳисоб мекунад, вале алоқаи ҷинсии пеш аз никоҳ магар зино ё бадахлоқии ҷинсӣ ҳисоб мешавад? Мувофиқи 1 Қӯринтиён 7:2 ҷавоби ин савол “ҳа, бадахлоқии ҷинсӣ ҳисоб мешавад”: “Аммо барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад”. Дар ин оят Павлус мегӯяд, ки издивоҷ ин “даво” барои зино мебошад. Мағзи ояти 1 Қӯринтиён 7:2 ҳамин аст, ки аз сабаби идора карда натавонистани шаҳвонияти ҷисмонии худ ва дар натиҷа ба алоқаи ҷинсии ғайриникоҳ қадам монданаш инсон бояд ба ақди никоҳ дарояд. Он гоҳ вай талаботи ҷисмониашро ба таври дуруст қонеъ мегардонад.

Азбаски дар 1 Қӯринтиён 7:2 аниқ гуфта шудааст, ки алоқаи ҷинсии пез аз никоҳ ин бадахлоқии ҷинсӣ аст ва бисёр оятҳои дигари Китоби Муқаддас бадахлоқии ҷинсиро айбдор мешуморанд, алоқаи ҷинсии пеш аз никоҳ низ гуноҳ ҳисоб мешавад. Оятҳои зерин аз Китоби Муқаддас гуноҳ будани алоқаи ҷинсии пеш аз никоҳро нишон медиҳанд (Аъмол 15:20; 1 Қӯринтиён 5:1; 6:13, 18; 10:8; 2 Қӯринтиён 12:21; Ғалотиён 5:19; Эфсӯсиён 5:3; Қӯлассиён 3:5; 1 Таслӯникиён 4:3; Яҳудо 7). Китоби Муқаддас тарафдори он аст, ки мо пурра аз алоқаи ҷинсии пеш аз никоҳ худдорӣ кунем. Худо танҳо алоқаи ҷинсии байни зану шавҳарро мепазирад (Ибриён 13:4).

Мо аксар вақт фақат як тарафи алоқаи ҷинсиро фикр мекунем, ки “вақтхушию истироҳат” аст, лекин намефаҳмем, ки боз дигар ҷиҳати муҳими он аст, ки давом додани насл мебошад. Алоқаи ҷинсӣ дар издивоҷ ин ҳаловат аст ва Худо онро бо ҳамин мақсад бахшидааст. Худо мехоҳад, ки марду зани издивоҷшуда аз алоқаи ҷинсӣ ҳаловат баранд. Дар яке аз китобҳои Китоби Муқаддас ба номи Суруди сурудҳо ва чанд оятҳои дигари Китоби Муқаддас (ба монанди Масалҳо 5:19) ҳаловати алоқаи ҷинсиро тасвир мекунанд. Вале ҳамсарон бояд дарк кунанд, ки мақсади Худо аз бахшидани ин талабот ба инсон бахшидани иборат аз он буд, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ кӯдакон ба дунё оянд. Аз ин рӯ, агар ҷуфте пеш аз никоҳ ба алоқаи ҷинсӣ роҳ диҳанд, онҳо кори дучанд нодурустро мекунанд. Аввалан онҳо аз ҳаловате баҳра мебаранд, ки ба онҳо муқаррар нашудааст, ва дуюм онҳо ба имконияти он, ки кӯдаки ҳаромзода таваллуд мешавад, роҳ медиҳанд, аммо Худо мехоҳад, ки ҳар як кӯдак дар дохили оила таваллуд шавад.

Дар ҳоле ки нафспарастӣ дурустро аз нодуруст фарқ намекунад, лекин агар ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас оид ба худдорӣ аз алоқаи ҷинсии пеш аз никоҳ итоат мекарданд, касалиҳои ҷинсии сирояткунанда, аборти кӯдакон, модарони бешавҳар ва ҳомиладории ғайричашмдошт камтар мешуданд. Шумораи кӯдаконе низ, ки бе падару модар калон мешаванд, камтар мешуд. Нисбати алоқаи ҷинсии пеш аз никоҳ бояд гуфт, ки ягона роҳи ба Худо писанд оянда ин худдорӣ кардан аст. Худдорӣ ҳаёти инсонро эҳтиёт мекунад, кӯдаконро муҳофизат менамояд, ба алоқаи ҷинсӣ арзиши дуруст мебахшад ва аз ҳама муҳимтараш, Худоро ҷалол медиҳад.

English



ба сахифаи точики баргардед

Китоби Муқаддас дар бораи алоқаи ҷинсӣ пеш аз никоҳ чӣ мегӯяд?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries