settings icon
share icon
Савол

Чаро худкушӣ карданам мумкин нест?

Чавоб


Дили мо ба онҳое, ки фикри худкушӣ кардан доранд, месӯзад. Агар шумо аз ҷумлаи ин шахсон бошед, эҳтимол аст, ки шуморо фикру ҳиссиётҳои ноумедӣ ва маъюсӣ фаро гирифтааст. Шояд шумо худро гӯё ба як чоҳи чуқур афтода ҳис карда, фирк мекунед, ки ягон роҳи баромад нест. Ба назар мерасад, ки ҳеҷ кас ғами шуморо намехӯрад ва ҳолататонро дарк намекунад. Зиндагӣ ҳеҷ маъно надорад... ё дорад?

Агар шумо лаҳзае мулоҳиза карда, ба Худо иҷозат диҳед, ки дар ҳаёти дар ҷойи аввал бошад, Ӯ худ бузургиашро ба шумо исбот карда медиҳад, чунки « барои Худо ҳеҷ чизи ғайриимкон нест» (Луқо 1:37). Шояд захмҳои дардҳои гузашта шуморо водор месозад, ки худро ночизу ба ҳама нодаркор ҳис кунед. Дар натиҷа дилатон ба худ сӯхта, дарунатонро ғазаб, дарду алам ва фикри қасосгирӣ пур мекунад. Инчунин шуморо тарси нодурусте фаро мегирад, ки ба баъзе муносибатҳои муҳими ҳаётатон таъсир расонда, шуморо гирифтори мушкилот месозад.

Чаро худкушӣ набояд кард? Дӯстам, новобаста аз ҳамаи ноумедиҳои ҳаётатон, донед, ки Худо Худои муҳаббат аст. Ва Худо интизор аст, ки шумо ба Ӯ иҷозати роҳнамоӣ кардани ҳаётатонро диҳед, то ки шуморо аз ҳолати ноумедӣ бароварда, ба рӯшноии аҷоиби Худ дохил кунад. Шумо бо дилпурӣ ба Ӯ умедвор шуда метавонед. Номи Ӯ Исо аст.

Исо, Писари бегуноҳи Худост, ки ба монанди шумо аз Ӯ рӯй гардонда буданду, Ӯро масхараю таҳқир кардаанд. Дар Ишаъё 53:2-6 пайғамбар Исоро тасвир карда, гуфтааст: “Ӯ мардест, ки ҳама Ӯро рад карда, аз Вай рӯй гардонданд”. Ҳаёти Исо пур аз ғам ва ранҷу азоб буд. Аммо дардҳои кашидаи Ӯ, аз они Ӯ набуд, балки Ӯ дардҳои моро ба Худ гирифт. Ӯро мехкӯб, маҷрӯҳ карда, куштанд ва ин ҳама аз барои гуноҳҳои мо буд. Аз сабаби ранҷу азоби Ӯ мо ҳаёти озодона ва пурарзиш дошта метавонем.

Дӯстам, Исои Масеҳ ҳамаи ин азобҳоро барои он аз сар гузаронд, ки ҳама гуноҳҳои шумо бахшида шаванд. Агар шумо сар фароварда Ӯро ҳамчун Наҷотдиҳандаи худ қабул кунед, сарфи назар аз ҳиссиёти гунаҳкориатон, донед, ки Ӯ шуморо бахшидааст. "... дар рӯзи тангӣ Маро бихон, туро халосӣ хоҳам дод…» (Забур 49:15). Ҳеҷ гуноҳи вазнине нест, ки Исо набахшад. Баъзе аз хидматчиёни интихобшудаи Ӯ гуноҳҳои ҷиддӣ содир карда буданд, масалан Мӯсо одам кушта буд, шоҳ Довуд зино ва қатл карда буд ва ҳавворӣ Павлус масеҳиёнро ҳам азоб медод ва ҳам мекушонд. Лекин Исо гуноҳҳои онҳоро бахшид ва онҳо ҳаёти нави фаровонро дар Худованд пайдо карданд. «Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштаанд ва инак ҳама чиз нав шудааст!» (2 Қӯринтиён 5:17)

Чаро худкушӣ набояд кард? Дӯстам, Худо тайёр аст, ки ҳаёти «шикастаатон»-ро, ки риштаи онро ҳоло бо худкушӣ кандан мехоҳед, барқарор кунад. Дар Ишаъё 61:1-3 пайғамбар чунин мегӯяд: «Рӯҳи Худованд бар Ман аст, зеро Ӯ Маро таъин намудааст, ки ба бенавоён хушхабарро бирасонам. Ӯ Маро фиристодааст, то озодии асирон, бино шудани кӯрон ва раҳоии ситамдидагону соли файзбахши Худованд ва рӯзи интиқоми Худои моро эълон намоям, ҳамаи мотамзадагонро тасаллӣ бахшам; ... ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам, ва равғани шодмонӣ – ба ҷои мотам, ридои ҷалол – ба ҷои рӯҳи андӯҳгин».

Пеши Исо биёед ва ба Ӯ иҷозат диҳед, ки хурсандӣ ва арзиши шуморо барқарор кунад. Ба Исо таваккал кунед, ки дар ҳаёти шумо корҳои навро сар кунад. Ӯ ваъда медиҳад, ки шодии гумкардаатонро барқарор месозад ва ба шумо рӯҳи нав мебахшад. Дили шикастаи шумо барои Ӯ гаронбаҳост: «Қурбониҳои дилхоҳи Худо рӯҳи шикаста аст; дили шикаста ва залилро Ту, эй Худо, хор нахоҳӣ дид» (Забур 50:19).

Оё шумо Худовандро ҳамчун Наҷотдиҳанда ва Чӯпони худ қабул мекунед? Ӯ ба воситаи Каломаш, ки Китоби Муқаддас аст, фикрҳо ва қадамҳои ҳаррӯзаи шуморо роҳнамоӣ мекунад. «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе, ки бояд биравӣ ҳидоят хоҳам кард: туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар Туст» (Забур 31: 8). «Айёми ту бо ганҷи наҷот, ҳикмат ва дониш устувор хоҳад шуд; тарси Худованд махзани он хоҳад буд» (Ишаъё 33: 6). Баъд аз имон овардан ба Масеҳ шумо ба ҳар ҳол дучори муборизаҳо мешавед, вале акнун шумо умед доред. Исо «дӯстест, ки аз бародар маҳкамтар мечаспад» (Масалҳо 18:24). Бигзор ҳангоми қабул кардани қарор файзи Худованд Исои Масеҳ бо шумо бод.

Агар шумо ба Исо хамчун Наҷотдиҳандаи худ таваккал карданӣ бошед, ин суханонро дар дили худ ба Худо гӯед: «Худо, ман мӯҳтоҷи Ту ҳастам. Илтимос ҳамаи корҳои нодуруст кардаамро бахш. Ман ба Исои Масеҳ имон дорам ва бовар мекунам, ки Ӯ Наҷотдиҳандаи ман аст. Илтимос, маро пок кун, шифо деҳ ва шодии маро дар зиндагиам барқарор намо. Барои муҳаббатат ва барои марги Исо, ки ба ҷои ман ҷонашро фидо кард, Туро шукр мекунам."

Оё Шумо нисбат ба Исо пас аз хондани маълумоти дар ин чо овардашуда карор кардед? Агар хамин тавр бошад, хохиш мекунем тугмачаи "Ман Исоро имруз кабул кардам"-ро пахш кунед.

English



ба сахифаи точики баргардед

Чаро худкушӣ карданам мумкин нест?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries