settings icon
share icon
Савол

Оё ба занон пастор шудан ва таълим додан мумкин аст? Китоби Муқаддас дар бораи хизмати занон чӣ мегӯяд?

Чавоб


Масъалаи он ки занон ҳамчун пастор ё муаллими калом хизмат карда метавонанд ё не хеле баҳснок аст. Шояд дар калисои имрӯза аз ин мавзӯъ дида мавзӯи баҳсноктаре набошад. Муҳим аст, ки ин масъаларо на аз назари зан ё мард дида бароем. Заноне ҳастанд, ки занро дар хизмати пасторӣ тарафдорӣ намекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки аз рӯйи Китоби Муқаддас ҳудуди муйян барои хизмати занон вуҷуд дорад. Инчунин мардоне ҳастанд, ки занро дар хизмати пасторӣ тарафдорӣ мекунанд. Онҳо фикр мекунанд, ки барои хизмати занҳо ягон маҳдудият нест. Ин масъала оид ба ҳуқуқи зану мард ё дискриминатсия нест, балки дар бораи маънидоди Китоби Муқаддас аст.

Каломи Худо мегӯяд: “Бигзор зан дар хомӯшӣ бо камоли итоат таълим гирад. Ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва бар мард ҳукмрон шавад, балки хомӯш бошад” (1 Тимотиюс 2:11-12). Худо дар калисо ба занону мардон вазифаҳои гуногун додааст. Чунин фарқият дар асоси тарзи офарида шудани зану мард ва инчунин тарзи ба ҷаҳон дохил шудани гуноҳ пайдо шуд (1 Тимотиюс 2:13-14). Худо ба воситаи ҳавворӣ Павлус мегӯяд, ки занон набояд таълим диҳанд ва ё бар мард аз ҷиҳати рӯҳонӣ роҳбарӣ кунад. Ин гуфтаҳо ба занон иҷозат намедиҳанд, ки ҳамчун пастор бар мардон роҳбарӣ намоянд, яъне ба онҳо калом таълим диҳанд, онҳоро дар пеши издиҳом таълим диҳанд ва худро сардори рӯҳонии онҳо гузоранд.

Дар хусуси масъалаи хизмати занон ҳамчун пастор эътирозҳои зерин вуҷуд доранд:

1. Павлус занонро аз таълим додан ба сабаби он маҳдуд мекард, ки дар асри якум занон одатан бесавод буданд. Вале дар 1 Тимотиюс 2:11-14 дар бораи сатҳи маълумотнокӣ чизе гуфта нашудааст. Агар барои хизмат маълумот даркор мебуд, он гоҳ ба аксарияти шогирдони Исо роҳ ба хизмат кардан дода намешуд.

2. Павлус фақат занони шаҳри Эфсӯсро аз таълим додани мардон маҳдуд карда буд (1 Тимотиюс ба Тимотиюс, пастори калисои Эфсӯс навишта шуда буд). Эфсӯс бо маъбади Артамиси худ машҳур буд ва занон дар он маъбади бутпарастон мақомот доштанд. Аз ин рӯ фикр мекунанд, ки Павлус байни калисо аз маъбади будпарастон фарқ гузоштан мехост. Пас суханони вай оид ба маҳдудияти хизмати занон фақат ба имондорони Эфсӯс тааллуқ доштанд. Лекин дар Номаи 1 Тимотиюс дар бораи Артамис чизе гуфта нашудааст. Инчунин Павлус дар 1 Тимотиюс 2:11-12 тарзи парастиши ходимони Артамисро ҳамчун сабаби маҳдудият гузоштанаш зикр накардааст.

3. Ин гуфтаҳои Павлус танҳо ба зану шавҳар ва на ба мардону занон равона шудаанд. Гарчанде калимаҳои юнонии зан ва мард маънои зани ҳамсар ва марди ҳамсарро дошта бошад ҳам, лекин маънои асосии ин калимаҳо васеътар аст. Дар давомаш ҳамин калимаҳои юнонӣ дар оятҳои 8-10 низ истифода бурда шудаанд. Оё танҳо ба шавҳарон гуфта шудааст, ки дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд (ояти 8)? Оё фақат занони оиладор бояд бо сару либоси шоиста, бо аъмоли нек Худоро парастиш кунанд (оятҳои 9-10)? На фақат онҳо. Аз оятҳои 8-10 аниқ маълум аст, ки суханони Павлус ба ҳамаи мардону занон муроҷиат карда шудааст ва на танҳо ба зану шавҳарҳо. Ҳеҷ далеле дар оятҳои 11-14 нест, ки фақат ба зану шавҳар тааллуқ доштани ин порчаро нишон диҳад.

4. Боз як эътирози дигар оид ба маънидоди он, ки занон ҳамчун пастор набояд бошанд иборат аз он аст, ки дар Аҳди Қадим дар бораи занони роҳбар ба монанди Марям, Дебӯро ва Ҳулдо нақл шудааст. Дуруст аст, ки ин занон аз ҷониби Худо интихоб шуда, барои хизмати махсус таъйин шуда буданд. Имон, ҷасорат ва роҳбарияти онҳо ҳамчун намунаи ибрат буд. Сарфи назар аз ин, мақомоти занон дар Аҳди Қадим ба масъалаи пасторӣ дар калисо дахл надорад. Номаҳои Аҳди Нав намунаи навро ба халқи Худо, яъне калисо, ки бадани Масеҳ аст, пешниҳод мекунад. Ва ин намунаи бемисли сохти роҳбариятест, ки танҳо ба калисо хос аст. Ин сохти роҳбарият на ба халқи Исроил ва на ба ягон ҷомеаи дигари Аҳди Қадим тааллуқ дорад.

Ҳамин гуна далелҳоро нисбати Прискила ва Фуби низ дар Аҳди Нав меоранд. Дар Аъмол 18 Прискила ва Акило ҳамчун хизматчиёни содиқи Масеҳ нишон дода шудаанд. Номи Прискила дар аввал зикр шудааст ва шояд ин нишон медиҳад, ки дар хизмати Худованд вай аз шавҳараш дида намоётар буд. Оё ба Апӯллӯс Прискила ва шавҳараш хушхабари Исои Масеҳро таълим дода буданд? Бале, онҳо дар хонаашон ба Апӯллӯс роҳи Худовандро фаҳмонда доданд (Аъмол 18:26). Оё дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Прискила пастори калисо ё роҳбари рӯҳонии ҷамоати имондорон буду дар пеши ҳама каломи Худоро таълим медод? Не. Аз он чӣ мо медонем ҳеҷ хизмат ё фаъолияти Прискила бар хилофи таълимоти 1 Тимотиюс 2:11-14 набуд.

Дар Румиён 16:1 Павлус Фубиро бо унвони “ходими” (ё «хизматчии») калисо шинос мекунад. Аммо дар Китоби Муқаддас оид ба Фуби низ ба монанди Прискила гуфта нашудааст, ки вай ҳамчун пастор ё муаллими мардон дар калисо хизмат мекард. Ҳуқуқи таълим доданро пирони калисо ва на ходимон доштанд (1 Тимотиюс 3:1-13; Титус 1:6-9).

Аз дастури 1Тимотиюс 2:11-14 сабаби пастор нашудани занон аниқ дида мешавад. Ояти 13 бо калимаи “зеро ки” сар мешавад ва нишон медиҳад, ки ин оят сабаби гуфтаҳои Павлус дар оятҳои 11-12 мебошад. Чаро занҳо ҳаққи таълим доданро ва ба мардон роҳбарӣ карданро надоранд? Зеро ки “аввал Одам офарида шудааст ва баъд Ҳавво. Ва Одам фирефта надушааст, балки зан фиреб хӯрд” (оятҳои 13-14). Худо аввал Одамро ва баъд Ҳавворо офарид, то ки вай “ёрдамчӣ” барои Одам бошад. Тартиби офариниш ҳам дар оила (Эфсӯсиён 5:22-33) ва ҳам дар калисо амал мекунад.

Инчунин ба васваса афтодани Ҳавво мувофиқи 1 Тимотиюс 2:14 далел ва сабаби он аст, ки занон пастор шуда наметавонанд ва ба мардон роҳбарияти рӯҳонӣ дошта наметавонанд. Ин маънои онро надорад, ки занон зудбовар ҳастанду ҳамаи онҳо аз мардон дида бо осонӣ фирефта мешаванд. Агар ҳамаи занон ба осонӣ фирефта мешуданд, пас чаро ба онҳо иҷозати таълим додани кӯдакон (ки фиреб додани онҳо осон аст) ва занони дигарро (агар онҳо бо осонӣ фиреб хӯранд) дода шудааст? Дар матн фақат гуфта шудааст, ки занон ба мардон на таълим диҳанду на ба онҳо рӯҳонӣ роҳбарӣ кунанд, чунки Ҳавво аввал фиреб хӯрда буд. Худо муқаррар кардааст, ки дар калисо мард афзалияти таълимдиҳиро дошта бошад.

Бисёри занон истеъдодҳои дигари худодод доранд ба монанди меҳмоннавозӣ, нишон додани раҳму шавқат, таълимдиҳӣ, ба дигарон расондани хушхабари Исои Масеҳ ва мададрасонӣ. Хизмати бештари калисои маҳаллӣ аз занон вобаста аст. Дар ҷамъомадҳои калисо ба занон дуохондан ё пайғоми Худоро расондан манъ нашудааст (1 Қӯринтиён 11:5), онҳо фақат ба мардон набояд таълим диҳанду ба онҳо роҳбарӣ кунанд. Аз рӯйи Китоби Муқаддас бахшоишҳои Рӯҳи Муқаддас барои занон ҳеҷ вақт маҳдуд нашудаанд (1 Қӯринтиён 12). Занон баробари мардон даъват шудаанд, ки ба дигарон хизмат кунанд ва самари Рӯҳро ба амал оваранд (Ғалотиён 5:22-23), инчунин Хушхабарро ба гунаҳкорон эълон намоянд (Матто 28:18-20; Аъмол 1:8; 1 Петрус 3:15).

Худо ба хизмати таълимоти рӯҳонӣ дар калисо танҳо мардонро муқаррар кардааст. Ин тартиби мақомоти калисо на аз сабаби он аст, ки мардон муаллимони беҳтару занон бадтар ё камақлтар ҳастанд, балки Худо ҳамин сохти роҳбариятро барои фаъолияти калисо дуруст донистааст. Мардон бояд ҳам бо ҳаёташон ва ҳам бо суханонашон намунаи роҳбари рӯҳонӣ бошанд. Занон бошанд, вазифаи роҳбариро бояд камтар ба худ гиранд. Онҳо бояд ҳавасманди таълим додани дигар занон бошанд (Титус 2:3-5). Китоби Муқаддас ба занон таълим додани кӯдаконро низ маҳдуд намекунад. Ягона фаъолияте, ки ба занон манъ шудааст, таълим додани мардон ва ба онҳо рӯҳонӣ роҳбарӣ кардан аст. Аз ин рӯ, занон хизмати пастори мардон шуданро ба ӯҳда гирифта наметавонанд. Лекин фикр кардани он ки занон на он қадар муҳим ҳастанд хато аст. Баръакс, онҳо хизматҳои бештаре мувофиқи нақшаи Худо ва бахшоишҳои Рӯҳи Муқаддасро доранд.

English



ба сахифаи точики баргардед

Оё ба занон пастор шудан ва таълим додан мумкин аст? Китоби Муқаддас дар бораи хизмати занон чӣ мегӯяд?
Facebook icon Twitter icon Pinterest icon Email icon
© Copyright Got Questions Ministries